img
МИЗИ МУДВВАР ОИД БА МУАРРИФИИ ЛОИҲА

9 августи соли ҷорӣ мизи мудаввар доир ба муаррифии "Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ"" бо иштироки муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Қиёмиддин, директорони иҷроияи лоиҳаи мазкур, кормандони масъули вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои амалишаванда дар вазорат баргузор гардид.

 

Зимни муаррифии лоиҳа зикр гардид, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ гардида, то моҳи июли соли 2027 идома меёбад ва ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро фаро мегирад. Татбиқкунандагони лоиҳаи мазкур вазоратҳои болозикр буда, дар доираи амалишавии он рақамикунонии самтҳои бозори меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, дастгирии шахсони бекор, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгаштапешбурди фаъолияти даромаднок (стартап) ва баланд бардоштани савияи касбии онҳо дар назар аст.

 

Дар рафти мизи мудаввар мақсад ва вазифаҳои Системаи иттилоотии бозори меҳнат, Барномаи фарогирии иқтисодӣ, ҳамгироии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ бо системаи иттилоотонии бозори меҳнат ва Барномаи фарогирии иқтисодӣ, инчунин мушкилот ояндабинӣ, пешниҳодҳо барои беҳтар намудани фаъолияти минбаъдаи мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ташкили курсҳои касбомӯзӣ муаррифӣ ва баррасӣ гардиданд. Иштирокчиён таклифу пешниҳодҳоро муҳокима намуда, нуқтаи назари худро иброз доштанд. Ба саволҳои худ посух гирифтанд.

11.08.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ