img
ИШТИРОК ДАР 7-УМИН КОНФРОНСИ ВАЗИРОНИ РАВАНДИ БУДАПЕШТ

12 ноябри соли 2024 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора дар 7-умин конфронси вазирони раванди Будапешт, ки дар доираи 36-умин вохӯрии мансабдорони аршади раванди Будапешт дар шаҳри Маҷористони Будапешт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

 

Чорабинии мазкур таҳти Раёсати Раванди Будапешт якҷо бо Шӯрои Иттиҳоди Аврупо ва Маркази байналмилалӣ оид ба рушди сиёсати муҳоҷират (ICMPD) ташкил ва баргузор гардида, масъалаҳои марбут ба пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, хариду фурӯши одамон, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии сарҳад, рушди сиёсати муҳоҷирати қонунӣ, тақвияти ҳамкории байналмилалӣ, минтақавӣ ва дуҷониба барои бозгашти бехатар, реадмиссия ва реинтегратсия, рафъи сабабҳои асосии муҳоҷират, таъмини ҳимояи байналмилалии гурезаҳо, дастгирии ҳамгироии муҳоҷирон, гурезаҳо ва мубориза бар зидди нажодпарастӣ, ифротгароӣ, табъиз ва бегонаситезӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

 

Дар кори конфронс иштирокдорон Декларатсияи вазирон ва даъват ба амал барои солҳои 2025-2030-ро, ки аз 6 ҳадафи афзалиятнок иборат буд, мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд. Ҳамзамон, дар ҷараёни сафар Ҳасанзода Гулнора бо муовини директори генералӣ оид ба муҳоҷират ва робитаҳои байналмилалии Вазорати федералии корҳои дохилии Ҷумҳурии Австрия Элизебет Венгер - Дониг вохўрии дуҷониба доир намуд. 

14.11.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ