img
ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БАЙНИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТИИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СОТСИОЛОГИИ "ЗЕРКАЛО"

29 августи соли ҷорӣ Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии маркази тадқиқоти сотсиологии "Зеркало" ба имзо расонида шуд. Ҳадафи баимзорасонии Ёддошти мазкур ин дастгирӣ ва рушди фаъолияти Хати оҷилӣ оид ба муҳоҷирати бехатар ва муқовимат бо савдои одамон мебошад.

 

Гуфтан бамаврид аст, ки фаъолияти Хати оҷилӣ таҳти дастгирии бевоситаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират татбиқ шуда он барои иҷроиши хадафҳои Стратегияи танзими раванди муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Нақшаи амали он мусоидат менамояд.

 

Ба Хати оҷилӣ, ки рақамҳояш +992900800800 мебошад, шаҳрвандон метавонанд ҳам тавассути WhatsApp ва ҳам мустақим занг зананд. Ба муроҷиаткунандагон оид ба қонунгузорӣ ва навовариҳо ба он, аз ҷумла қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои қабулкунанда, сафарбаркунии муташаккилона, муқовимат ба савдои одамон, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, муҳоҷирати бехатар ва дигар масъалаҳои муҳоҷират, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳатҳои муфид дастрас намоянд.

 

31.08.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ