Намояндагони гурӯҳи идоракунии лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»–и Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе дар санаи 1 декабри соли 2025 бо донишҷӯён-хатмкунандагони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрии мазкур, ҷиҳати иҷрои стратегияю барномаҳои давлатии самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо мақсади ҷалби бештари аҳолии қобили меҳнат ба шуғл ва ба ин васила коҳиш додани раванди бекорӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум баррасӣ карда шуд.
Мушовирони ҳуқуқии марказ Муҳамадато Султонов, Нигина Утамуродова, Фирдавс Гулаҳмадов ва Икром Шарифов оид ба масъалаи бо шуғл фаро гирифтан, имконияти бо кор таъмин шудан ва гузаштан аз машғулияти кӯтоҳмуддат ба донишҷӯён маълумоти муфассал пешниҳод карда, ба саволҳои сершумори онҳо посух доданд. Чунин вохӯриҳои судманд барои баланд бардоштани малака ва имконоти бокортаъминшавии донишҷӯён-хатмкунандагон минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.