img
Терроризм ватан,забон, нажод,ва дин надорад.

Терроризм ватан,забон, нажод,ва дин надорад. Ин бадбахти оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст.

 

Эмомалӣ  Раҳмон

 

Терроризм чун вабои аср имрӯз аҳли саёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд. Мақсади гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар тамоми давлатҳои дунё ин ташкили нооромиҳо,  иваз кардани сарвари давлат ва ё дигар кардани сохти конститутсионии кишвар, истифодаи сарватҳои табиӣ ва зеризаминӣ ба фоидаи хеш мебошад. Ин аст, ки дар қатори дигар проблемаҳо  терроризм ва экстремизм ба проблемаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

 

Терроризм ва экстремизм амалҳои хушунатомез ва ваҳшатоварин мебошанд ва хостори ин ҳастанд, ки афкори хориҷиро дар ҷомеа мавриди назар тағйир диҳанд.Таҳдиди терроризм ва экстремизм дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла бо истифода яроқи ядрояӣ, химиявӣ ва бактериологӣ, инчунин нисбати объектҳое, ки террористон онҳоро барои анҷом додани кирдори зӯроварӣ интихоб мекунанд, имрӯзҳо на танҳо чун ҷинояти дохилидавлатӣ, ки ба манфиатҳои шахсони алоҳида, ҷомеа ва давлат зарар мерасонанд, балки чун ҷинояте дониста мешавад, ки дар маҷмӯъ метавонад ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ зиён оварад.

 

Терористҳоро умуман ба ду гурӯҳ тақсим намудаанд. Террористони муътақид ва  террористони муздур ё худфурӯхта. Махсусан ҳамаи гурӯҳҳои террористоию экстремисти, ин гурӯҳое  ҳастанд, ки аз номи дини мубини ислом баромад намуда номи дини Исломро дар назари ҷаҳониён ҳамчун як дини қатлу куштор ва бераҳм нишон медиҳанд. Дар ҳоле,ки дини Ислом пайравони худро ҳамеша бо панду насиҳат, илму маърифат, дустиву бародарӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва инсондӯстӣ даъват менамояд.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба чунин проблемаҳои глобалӣ бетараф набуда, бар зидди хатарҳои замони имрӯза ҳамчун дигар давлатҳои дунё ҳадафмандона талошҳои худро амалӣ намуда, дар ин самт омодагии худро бо андешидани тадбирҳои мушаххас ва муборизаи самарабахш пайваста ифода менамояд. Дар ин замина мушкилоти дигар, ин гаравидани ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ  мебошад.

 

Дар самти муқовимат зидди терроризм ва экстремизм да Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи чорабиниҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ амалӣ гашта истодаанд, ки дар байни онҳо мавқеи марказиро Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2020-2025 ишғол мекунад. Дар Стратегия муқаррароти умумӣ, мақсад, вазифаҳо ва принсипҳои муқовимат бар зидди терроризм ва экстремизм, самтҳои асоси мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), механизми амалӣ гардонидани он пешбинӣ гардидааст.

 

Терорризм ва экстремизм (ифротгароӣ) дар миқёси ҷаҳон ниҳоят рушд ёфта, хатари калони ҷамъиятӣ дорад ва барои бехатарии давлатҳо ва минтақаҳо воқеан таҳдид менамояд. Терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ ҷинояти дорои хусусияти глобалӣ буда, мубориза алайҳи он ҳамкории пайвастаи доимӣ ва мутақобилаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро тақозо менамояд.

 

Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавю байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои  байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта мавҷуди ин аср нестанд, вале дар баробари асри нав симои навро ба худ гирифта, моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст.

 

Имрӯз ва дар оянда низ терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда,бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нав истифодабариро ба худ касб мекунанд. Барои мисол, дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд.

 

Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надоранд ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад. 

 

Чунононе, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари Созмони Миллали Муттаҳид баромад карда, таъкид намудаанд,-«терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.»

 

Ин зуҳуроти номатлуб мушкилии тамоми ҷаҳон аст ва бар зидди он ҳама бояд мубориза барем. Аз ин рӯ, ҳар як фарди бошуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд, мебояд,  ки ба ин афкори ғалати чеҳраҳои сиёсии ноаён фирефта нашаванд, дар ҷустуҷӯи омӯзиш аз барноми ғанигардонидаи маърифати аҳлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими суботу амнияти ватани азизи худ-Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.

 

Ман ҳамчун як ҷавони зодаи соҳибистиқлоли кишвар дустон, ҳаммаслакони  худро даъват менамоям, ки ҳама якҷо муттаҳид дар зери сиёсати ҷавонпарвари Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ, Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада  нагузорем, ки ягон гурӯҳе, ягон нафаре аз ин гурӯҳои террористию экстремистӣ ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд ва оромию суботи Ватани азизамонро халалдор созанд. Шиори мо ҳамеша бояд ҳамин бошад:

 

«НЕСТ БОД  ТЕРРОРИЗМ…»

 

 

                                                                             Ашуров А.А.

Мутахассиси шуъбаи таълимӣ-методӣ  

МД «Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии

                                                               кормандони низоми меҳнат,

                                                                муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ»

                                                                            

18.07.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ