Зимни ифтитоҳи ҳамоиши навбатӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ҳамоишро ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам намуданд ва вобаста ба сиёсати давлатии ҷавонон ва қувваи пешбарандаи ҷомеаи навин аз дастовардҳои ҷавонон, ҳунару касбҳои азхуднамудаи онҳо, ки ба марази намоиш гузошта шуда буд, ҳозиринро муаррифӣ намуданд.
Муҳтарам Вазир зимнан қайд намуданд, ки ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистон буда, иброз намуданд, ки «Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».
Алалхусус таъкид шуд, ки сиёсати давлатии ҷавонон аз лаҳзаҳои нахустини соҳибистиқлолии мамлакат дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумат қарор дошта, ҷавонон тавонистанд, ки миллату давлатро дар арсаи ҷаҳонӣ бо дастовардҳои варзишӣ, илмӣ ва ҳунарӣ мураррифӣ намоянд. Инчунин таваҷҷуҳи бевоситаи Роҳбари давлат ба самти сиёсати давлатии ҷавонон равона гардида, ғамхориҳо низ ба ин насли ояндасози кишвар ба таври ҳамешагӣ амалӣ гардонида мешавад.
Дар навбати худ муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳимзода Шабнам иштирок доштанд. қайд намуданд, ки ҷавонон хазинаи тиллоии миллат буда, дар ҳама ҷабҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар саҳми беандоза доранд. Зикран иброз намуданд, ки истиқлоли миллат, ки ҳамчун неъмати бебоҳо бар ивази ҷонбозиҳои насли гузашта ба мо ҷавонон ба даст омадааст ва барои нигоҳ доштану ба наслҳои оянда ба ёдгор мондани он зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои бузургу натиҷабахш аз ҷониби Ҳукумати кишвар тадбирҳои заруриро амалиро роҳандозӣ намоем. Дар идомаи ҳамоиш кормандони ҷавон аз сохторҳои зертебеъи вазорат ва меҳмонон ба маърӯза баромада, доир ба дастовардҳои ҷавонон дар даврони истиқлолӣ ва гиромидошти арзишҳои миллӣ суханронӣ намуданд.
Дар хотима аз ҷониби Вазир ва муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор ҷавонони соҳибкасб ва дорои савияи донишҳои муосир ва ҳунарҳои мардумӣ сипоснома тақдим гардид.