img
НАФАСИ ОЗОДИ ВАТАН ВА ОБОДИИ ОН, КАЛИДИ ДАРИ ИҚБОЛИ МОСТ


Инак Ватани азизи мо, Ҷумҳурии Тоҷикистон 33-юмин Истиқлолияти худро ҷашн мегирад. Дар ин тӯли умри кӯтоҳи 33 сола бо заҳмату талошҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва корнамоиҳои далеронаи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик Тоҷикистонро кишварҳои мухталифи абарқудрати ҷаҳон ҳамчун давлати мустақил эътроф намуданд.



Дар ҳақиқат Истиқлолияти давлатии мо рангест, тобанда чун рангҳои парчамамон, озодиест барои миллат ва мамлакат, соҳибихтиёриест баҳри ватандорони ватандўст.



Мо, дар мудати 33 соли Истиқлолият тавонистем, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд пешрафти устувори ватанамонро таъмин кунем, мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ боло бардорем, пояҳои давлатдории мустақили худро тақвият бахшем, тамоми кўшишу талош ва захираву имкониятҳои худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии осоишта равона созем.



Ёдовар бояд шуд, ки хушбахтии мардуми тоҷик дар он аст, ки дар ҳама ҳолат сабру таҳаммулро пеша кард ва аз муборизаҳои ҷоннисорона ва қурбониҳо кардан, наҳаросид ва моро ба Истиқлолияти давлатӣ расонид. Ин худ рамзи ҳимматбаландӣ ва бофарҳангии мардуми шарифи мост.



Бинобар ин, мо мардуми сарбаланди Тоҷикистон бояд ҳамеша аз Истиқлолияти давлатӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасоти ормонии миллати тоҷик мебошанд, шукрона карда, онро чун арзиши бебаҳо ҳифз намоем, чунки маҳз ба шарофати Истиқлолият сиришти маънавии миллати тоҷик расмияти сиёсӣ пайдо кард.



Дастоварди бузургтарини мо, тӯли ин солҳо барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандўстиву ватандорӣ аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдўсти тоҷик ва роҳбари оқилу фарзона муяссар гардид.



Ҳар як фарди тоҷикистонӣ набояд фаромӯш созад, ки комёб гаштан ба шинохти асолати таърихии миллат, мақому мартаба ва ҷойгоҳи он дар таърихи тамаддуни башарӣ аз ҷумлаи муҳимтарин самтҳои сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва ин сиёсати ваҳдатсоз аз бузургдошти таъриху фарҳанги деринаи тоҷикон ва симои барҷастаи фарҳангӣ оғоз гардида, барои пешрафт дар роҳи давлатсозиву давлатдории навини тоҷикон фазои мусоид фароҳам меоварад.



Ин аст, ки Истиқлолияти давлатӣ дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб, марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Ҳамзамон, Истиқлолияти ба дастовардаи мо, Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ ва ҳамешагӣ бахшидааст. Дарвозаҳои чаҳор самти оламро ба рўйи Тоҷикистон боз намуд.



Танҳо бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва заҳмату талошҳои содиқонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем, ки кишварамонро ба оламиён муаррифӣ намоем ва ба сўйи фардои дурахшон сарбаландона пеш рафта истодаем. Боиси хушнудист, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангу варзиш ба маҷрои куллан нав ворид гардида, сол аз сол беҳтар мешавад.



Бояд гуфт, ки ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои наҷибу ҷовидонаи миллат як рукни бисёр муҳимми истиқлолияти давлатӣ мебошад. Барои ҳамин мо мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст. Ҳамзамон бо ин, ба қадри ин неъмати бебаҳо - яъне ватан ва истиқлолияти он расидан масъулияти аз ин ҳам бузургтар мебошад.



Сарбаландиву хушбахтии мо мардуми шарифи Тоҷикистон ҳам дар он аст, ки тақдири имрўзу фардои ватанамон дар ихтиёри худамон мебошад ва ҳар фарди бонангу номуси миллат - ҳастӣ ва ҳаёти худро ба хотири озодиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ бахшидааст.



Имрўз Тоҷикистон роҳи мустақили инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро пеш гирифта, ба аслҳои озодии сухан, озодии виҷдон ва гуногунандешӣ, ки аз ҷумлаи асосҳои давлати демократӣ мебошанд, арҷи тамом мегузорад. Бо шарофати истиқлолият дар арсаи ҷаҳон мартабаи Тоҷикистон пайваста боло рафта, ташаббусҳои кишвари моро ба хотири амнияти мардуми сайёра дар сатҳи байналмиллалӣ мепазиранд.



Имрӯз моро зарур аст, ки ба хотири эмин мондан аз таъсири омилҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ аҳли ҷомеаи кишвар бояд тафаккури солими миллиро дар зеҳни мардум, махсусан наврасон ва ҷавонони ватандуст инкишоф диҳем. Талқин намоем, ки ҳифзи марзу буми ватан, ҳифзи арзишҳои миллиро аз таҳдидҳои хатарбор ва руйдодҳои ахир қарзи ҷонию афсаронаи худ донанд. Ҳар яки мо бояд аз аслу насли хеш, пояҳои тамаддуни аҷдодӣ, забону фарҳанги миллӣ ва ойинҳои давлатдории ниёгони худ огоҳ бошем.



Ба хотири мустаҳкам ва бегазанд гардонидани пойдевори давлатдории навин доимо дар талош бошем. Дар шароити хело душвору печидаи ҷаҳони муосир ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои онро вазифаи худ шуморида, масъулияти баланди ватандориро эҳсос бикунем, чунки имрўз Тоҷикистони азизи мо, ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст.



Пояҳои Истиқлолияти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд. Вобаста ба ин, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки дар ободӣ ва шукуфоии меҳан саҳми арзанда бигзорад. Нафаси озоди Ватан ва ободии он, калиди дари иқболи мост.



Тимерова Шаҳринисо

Мутахассиси пешбари
Шуъбаи ҳифзи меҳнат ва шарикии иҷтимоии
Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ

 

02.09.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ