25 июли соли равон дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ оид ба амалӣ намудани Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, инчунин иҷрои Барномаи барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 ва Барномаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаҳои амалиётҳои ҷангӣ баргардонидашуда барои солҳои 2023-2027 баргузор гардид.
Дар семинар мутасаддиёни татбиқи стратегия ва барномаҳои мазкур аз дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои он иштирок намуда, ҷиҳати роҳандозии як қатор чорабиниҳо барои дар сатҳи зарурӣ амалӣ намудани санадҳои болозикр роҳнамоӣ карда шуд. Муовини вазир Давлатзода Қ. ва намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуродов С. вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дучанд гардидани ҳимояи оромӣ ва сулҳу субот дар кишварро таъкид намуда, қабули санадҳои болозикрро тақозои замон ва амалӣ гардидани чорабиниҳои онҳоро ҳатмӣ арзёбӣ намуданд.