img
ТАҶЛИЛИ ИДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

Санаи  21 уми марти соли 2026 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди байналмилалии Наврӯз бо омодагии ҳамаҷониба таҷлил карда шуд.  Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Вазорат, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои низоми он, меҳмонон ва собиқадорони соҳа иштирок намуда, барномаи фарҳангии он бо баргузор намудани намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ, оростани дастурхони наврӯзӣ, суханрониҳои таърихию адабию сиёсӣ ва суруду мусиқии дилошуби миллӣ баргузор карда шуд.

 

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар сухани ифтитоҳии худ қайд намуд, ки Наврӯз аз бузургтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми мо ҳеч як анъана ва расму оине чун ҷашни фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз ифодагари арзишҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои қадимаи тоҷикон ба ҳисоб рафта, аз замонҳои қадим марҳилаи зиёди пурпечутобро убур карда, то замони мо расидааст.

 

Тавре, ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Аз нигоҳи ҳисоби нуҷумшиносӣ Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи ҳамал ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат ва айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад.

 

Доир ба таърихи пайдоиш ва баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст. Аз ҷумла дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ, «Ат-тафҳим» ва «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ва дигар осори бузургони мо маълумоти мустақим ва пурмазмун оварда шудааст.

 

Бояд зикр намуд, ки мувофиқи маълумоти осори Абурайҳони Берунӣ чунин хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки ин донишманд ба таври густурда дар бораи ҷашн гирифтани Наврӯз хабар медиҳад ва мегӯяд, ки мардуми давронаш бо покиза гардонӣ ва оростану пиростани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд. Сипас вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Муҳибахон Ҷавҳарӣ Одил суханронӣ намуда, ҳозиринро бо Иди байналмилалии Наврӯз табрик намуданд.

 

Барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони варзида ва ҳайати Ансамбли ҷумҳуриявии “Лаъл” бузургиву шаҳомати Наврӯз ва васфи ватану шукуфоии кишварро дар бар гирифта, ба чорабинӣ шукӯҳи тоза бахшид. Дар рафти чорабинӣ ғолибони  мусобиқаҳои варзишӣ байни дастаҳои дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои он бо   сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ  қадрдонӣ карда шуданд.

21.03.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ