9 уми апрели соли 2025 ҳайати Федератсияи Росссия таҳти роҳбарии муовини роҳбари Хадамоти Федералии меҳнат ва шуғл Василев Денис Александрович бо мақсади баррасии масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, шинос шудан бо имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омода намудани мутахассисон барои фаъолияти меҳнатӣ бурун аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Ба ҳайати мазкур намояндагони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия, Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, КВДФ “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и Вазорати корҳои дохилии Федерасияи Россия ва як қатор корхонаву ташкилотҳо (корфармо) шомил мебошанд.
Ҳайати меҳмононро Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуда, рӯзи 9 апрели соли ҷорӣ ҷиҳати шинос шудан ба рафти омодагии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кор дар хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Россия боздиди меҳмонон аз Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара ташкил карда шуд. Зимни боздид аз марказ ҳайати мазкур бо муассиса, ки аз бинои таълимӣ-маъмурӣ, хобгоҳ, устохонаҳои таълимӣ-истеҳсолӣ, биноҳои ёрирасон ва майдончаи варзишӣ иборат аст, шинос шуда, аз ҷараёни машғулиятҳо дар курсҳои касбомӯзӣ ва забономӯзӣ дидан карданд.
Дар рӯнамо оид ба фаъолияти маркази мазкур қайд гардид, ки соли гузашта чор ҳамин гуна маркази наву замонавӣ бо мақсади омода намудани мутахассисон тибқи талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар ба истифода дода шуданд, ки дар баробари касбомӯзонӣ, инчунин омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ ба роҳ монда шудааст. Ҳайати меҳмонон зимни боздид аз марказ оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуда, омодагии худро барои ҳамкориҳои минбаъда иброз доштанд.