img
ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ ВА МУТТАҲИДИИ ҶОМЕА - ПОСУХИ УСТУВОР БА ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ

«Ҷавонон ва шаҳрвандони кишвар, новобаста аз ҷойи будубош, бояд манфиатҳои миллӣ, ваҳдати ҷомеа ва амнияти давлатро ҳифз намоянд» - пайваста таъкид менамоянд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

 

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити мураккаби сиёсӣ ва амниятӣ қарор дорад. Авҷ гирифтани низоъҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, густариши терроризми байналмилалӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ҷангҳои иттилоотӣ ва истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ вазъи умумии амниятро ноустувор месозад. Дар чунин шароит, ҳар як давлат вазифадор аст пояҳои амнияти миллӣ ва суботи иҷтимоии худро тақвият бахшад.

 

Яке аз таҳдидҳои ҷиддии замони муосир - тафаккури ифротӣ мебошад. Ин зуҳурот тадриҷан ба шуури инсон роҳ ёфта, арзишҳои миллӣ, ҷаҳонбинии солим ва эътимод ба давлатро заиф мегардонад. Махсусан, ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ бештар ба таъсири чунин ғояҳо дучор мешаванд. Гурӯҳҳои экстремистию террористӣ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ, платформаҳои иттилоотӣ ва фазои маҷозӣ фаъолияти таблиғотии худро густариш медиҳанд. Онҳо кӯшиш менамоянд бо истифода аз мушкилоти иҷтимоӣ, фишорҳои равонӣ ва ноогоҳии ҳуқуқӣ афродро ба доми худ кашанд. Дар ин раванд, муҳоҷирони меҳнатӣ бинобар дурӣ аз муҳити доимии иҷтимоӣ ва оилавӣ, бештар осебпазир мебошанд.

 

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кишвари ҷавонон маҳсуб меёбад, ҳифзи ин қишри ҷомеа аз таъсири ғояҳои тундгаро аҳамияти калидӣ дорад. Ҷавонон неруи созанда ва захираи стратегии давлат ба ҳисоб рафта, ҷалби онҳо ба равандҳои созанда, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, инчунин таҳкими ҳисси ватандӯстӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мебошад.

 

Дар солҳои охир, Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм тадбирҳои мушаххасро амалӣ намудааст. Заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ташаккул ёфта, қонунҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд. Ин санадҳо пешгирӣ, ошкор ва безараргардонии фаъолияти экстремистию террористиро дар бар мегиранд. Ҳамзамон, ҳамкории судманд бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ таҷрибаи худро пешниҳод намуда, ташаббусҳои байналмилалиро ҷонибдорӣ мекунад. Ин ҳамкориҳо ба таҳкими амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат менамоянд.

 

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти давлат - баргардонидани шаҳрвандон аз минтақаҳои низоъ ва мутобиқсозии онҳо ба ҳаёти осоишта мебошад. Бо ин мақсад, корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарбиявӣ ва иҷтимоӣ ба роҳ монда шуда, барои воридшавии онҳо ба ҷомеа шароити мусоид фароҳам мегардад. Ин тадбирҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон ба ҳалли масъалаҳо бо роҳи инсондӯстона ва масъулиятшинос муносибат менамояд.

 

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли ҷорӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ваҳдати миллӣ аҳамияти махсус дода, таъкид намуданд: «Муттаҳидии миллат аз ҳар гуна силоҳ, ҳатто ракетаҳои атомӣ, дида пурқудраттар мебошад». Ин андеша бори дигар собит месозад, ки амнияти воқеӣ на танҳо ба неруи ҳарбӣ, балки пеш аз ҳама ба ҳамбастагии ҷомеа ва эътимоди шаҳрвандон ба давлат такя мекунад.

 

Таҷриба нишон медиҳад, ки тафаккури ифротӣ ба арзишҳои миллӣ, фарҳанг, таърих ва ҳамзистии осоиштаи ҷомеа таҳдид мекунад. Он метавонад ба ихтилофҳои динӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ оварда расонад. Аз ин рӯ, муқовимат ба чунин зуҳурот бояд ҳамаҷониба бошад. Дар ин раванд, нақши оила, муассисаҳои таълимӣ, ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле муҳим аст. Хулоса, таҳкими худогоҳии миллӣ, муттаҳидии ҷомеа ва масъулияти шаҳрвандӣ асоси устувори сулҳу субот мебошанд. Ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ бояд худро ҷузъи ҷудонопазири ҷомеа эҳсос намоянд ва дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ саҳм гузоранд. Танҳо бо иттиҳод, маърифат ва эҳтиром ба қонун метавон ояндаи амну устувори Тоҷикистонро таъмин кард.

 

 

     Аскарзода Солеҳ  

Сардори Раёсати ҳуқуқ

         ва сиёсати кадрҳо

05.01.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ