img
Мулоқот бо роҳбарияти Корпоратсияи давлатии “Росатом”

Дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо Директор оид ба сармоягузориҳои асосӣ, назорати давлатии сохтмон ва экспертизаи давлатии Корпоратсияи давлатии «Росатом» Сахаров Геннадий Станиславович баргузор гардид.

 

Зимни мулоқот масъалаи ҷоннок намудани ҳамкориҳо дар самти ҷалби муташаккилона, аз ҷумла дар масъалаҳое, ки қабули қарори дуҷонибаро талаб менамояд, рафти интихоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби муташаккилона барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Корпоратсияи давлатии «Росатом», омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар, ташкил ва такмили таълими касбии муҳоҷирони меҳнатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ба талаботи бозори меҳнати Россия ҷавобгӯ ва эҳтимоли омӯзиши касбии онҳо аз ҷониби корфармоёни Федератсияи Россия мавриди муҳокима қарор гирифт.

 

Корпоратсияи давлатии «Росатом» холдинги бисёрсоҳавӣ буда, дар соҳаҳои энергетика, мошинсозӣ, сохтмон ва ғайра фаъолият менамояд.

 

Дар зертобеи Корпоратсияи давлатӣ зиёда аз 400 корхона ва ташкилот фаъолият намуда, дар онҳо зиёда аз 330 ҳазор нафар ба ҷойҳои кори доимӣ таъмин гардидаанд.

 

Қайд гардид, ки вобаста ба зиёд намудани самтҳо ва минтақаҳои фаъолият, айни замон Росатом ба кадрҳои баландихтисос талаботи зиёд дорад (танҳо талабот ба хатмкунандагони донишгоҳҳо то соли 2030 ба 30 ҳазор нафар арзебӣ карда мешавад).

 

Корпоратсияи давлатии «Росатом» сиёсати ҳавасмандкуниро пеш мебарад, ки пардохти музди меҳнати рақобатпазир ба кормандон (зиёда аз 100 ҳазор рубл), номнавишти расмии фаъолияти меҳнатӣ мувофиқи кодекси меҳнат ва сатҳи баланди кафолатҳои иҷтимоиро (суғуртаи тиббӣ, барномаҳои кредитии корпоративӣ, барномаҳои нафақа, табобат ва истироҳати санаторӣ, барномаҳои оилавӣ ва ғайра) пешбинӣ менамояд.

 

Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқаҳои зерин омаданд:

 

– бо мақсади омода намудани мутахассисони ба талабот ҷавобгӯ, аз ҷониби Росатом 50 квота барои хатмкунандагони мактабҳои миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии сохтмони Москва ҷудо гардида, баъд аз хатми донишгоҳ дар корхонаи мазкур таҷрибаомӯзӣ ва ба ҷойи кор қабул таъмин мегарданд;

– ҷиҳати омода намудани мутахассисон ва ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандон байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати сохтмон ва хочагии манзилию коммуналии Россия ва Корпоратсияи давлатии «Росатом» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида мешавад;

– дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдори Россия баррасии масъалаи қонунигардонии вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатии ихроҷшуда, ки ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ содир намудаанд.

 

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагиро ҷиҳати мусоидат ба рушди баъдии ҳамкориҳо байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи давлатии «Росатом» дар соҳаҳои муҳоҷират ва шуғл изҳор намуданд.

22.11.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ