img
МУЛОҚОТҲО ДАР ҲОШИЯИ ФОРУМ

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода аз 5 то 8 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар дуюмин Форуми байналмилалии баррасии муҳоҷират-2026 ширкат намуда, дар доираи сафар бо ёрдамчии Дабири Кулли СММ хонум Бёрг Сандкёр ва муовини Мудири кулли Созмони байналмилалии муҳоҷират хонум Угочи Даниелс мулоқот анҷом дод.



Зимни мулоқот бо ёрдамчии Дабири кулли СММ хонум Бёрг Сандкёр масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид дар самти рушди иҷтимоию иқтисодӣ, бозори меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо СММ ҳамкории устувор ва густурда дошта, татбиқи афзалиятҳои миллӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии рушд то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устуворро дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои ин созмон амалӣ менамояд.


Ҳамчунин, саҳми СММ дар татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими бозори меҳнат, рушди низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ муҳим арзёбӣ гардид. Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати бехатар, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон ва мутобиқ намудани сиёсати муҳоҷират ба равандҳои муосири ҷаҳониро муҳокима намуданд.



Дар мулоқот бо муовини Мудири кулли Созмони байналмилалии муҳоҷират хонум Угочи Даниелс масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти идоракунии муҳоҷират ва татбиқи барномаҳои муштарак баррасӣ шуданд. Ҷониби Тоҷикистон барои дастгирии техникӣ ва коршиносии Созмони байналмилалии муҳоҷират изҳори сипос намуда, ин созмонро шарики боэътимод дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират арзёбӣ кард.



Қайд гардид, ки саҳми Созмони байналмилалии муҳоҷират дар пешбурди Паймони глобалӣ оид ба муҳоҷирати бехатар, муназзам ва қонунӣ, инчунин ҷалби Тоҷикистон ба платформаҳо ва форумҳои байналмилалии марбут ба масъалаҳои муҳоҷират назаррас мебошад. Таъкид шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ муҳоҷират ҳамчун яке аз омилҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ боқӣ монда, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт аҳамияти махсус дорад.



Ҷонибҳо татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла фаъолиятҳои марбут ба Хатти «оҷилӣ»-и муҳоҷирати бехатар, барномаҳои дастгирии муҳоҷирон ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолиро мусбат арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин, таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ зоҳир гардида, саҳми Созмони байналмилалии муҳоҷират дар татбиқи лоиҳаҳои кӯчонидани аҳолӣ дар доираи лоиҳаҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии «Роғун», муҳим дониста шуд. Дар фарҷоми мулоқотҳо ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд, ҷалби захираҳои иловагӣ ва рушди механизмҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират дар асоси эҳтироми тарафайн ва манфиатҳои муштарак таъкид намуданд.

11.05.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ