Санаи 10 марти соли ҷорӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 “Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)” таҳти раёсати вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ҷаласа баргузор гардид.
Қайд гардид, ки дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии хавфҳои коррупсионӣ таҳти роҳбарии вазир гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Таҳлили хавфҳои коррупсионӣ дар вазорат дар се давра - таҳлили шароити пешакӣ, таҳлили хавфҳои коррупсионии бевосита ҷойдошта, баҳодиҳӣ ва таҳияи тавсияномаҳо ҷиҳати бартараф намудани омилҳои номатлуб ба нақша гирифта шудааст. Айни замон давраи аввали таҳлили фаъолият, яъне таҳлили шароити пешакӣ идома дошта, дар назар аст, ки дар муҳлати як моҳ ба анҷом расонида мешавад. Дар кори ҷаласа муовини сардори раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамзода Ёсуман Абдуҳалим иштирок ва суханронӣ намуд.
Акрамзода Ёсуман татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 “Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)”-ро, ки бо мақсади ҷорӣ намудани механизми таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, раванди ошкор намудани омилҳои институтсионалӣ (хоси ташкилот), ки ба коррупсия мусоидат менамоянд ё метавонанд ба он замина гузоранд, инчунин таҳияи тавсияномаҳо оид ба аз байн бурдани натиҷаҳои таъсири онҳо қабул шудааст, ҷиҳати пешгирии сабабу омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда дар ташкилотҳо муҳим арзёбӣ намуда, мафҳумҳои асосӣ ва моҳияти таҳлили фаъолиятро дар се давра шарҳ дода, ҷиҳати таҳияи нақшаи фаъолияти гурӯҳ оид ба баҳодиҳӣ, тартиб додани ҳисобот дар бораи баҳодиҳии хавфҳои коррупсионӣ ва нақшаи мукаммал тавсияҳо дод.
Вазир – роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсионии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ҳадафи асосии баргузор намудани таҳлили мазкурро пеш аз ҳама муайян намудани омилҳо ва шароите, ки метавонанд ба зуҳури хавфҳои коррупсионӣ мусоидат намоянд, такмил додани механизмҳои идоракунӣ ва назорати дохилӣ, баланд бардоштани шаффофият ва самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва таҳияву татбиқи чораҳои муассир барои пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ арзёбӣ намуд. Дар фарҷом ҷиҳати фаъолияти пурсамари гурӯҳи корӣ ва дар муҳлатҳои муқарраршуда ба иҷро расонидани бандҳои нақшаи фаъолият дастур дода шуд.