img
ФЕСТИВАЛИ ҲУНАРМАНДОНИ ТОҶИКИСТОН  “ҲУНАР БЕҲ АЗ ЗАР БУВАД”

11 майи соли 2024 дар МД “Маркази ош”- и шаҳри Душанбе даври сеюми Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон “Ҳунар беҳ аз зар бувад” баргузор гардид. Фестивали мазкур бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 10 ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, №АП- 470 тасдиқ шудааст ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои тарғиб ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шудааст. 


Мақсад аз баргузории фестивал рушди ҳунармандӣ, ҳифз ва нигаҳдории мероси ғайримоддии фарҳангӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ ва ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодии ҳунарҳои мардумӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадами ҳунармандони варзида, муаррифии намудҳои гуногуни маҳсулоти ҳунармандӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии ҳунармандон мебошад, ки ҳамзамон барои ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.  Аз ҷараёни чорабинӣ ҳайати расмӣ - муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода, роҳбарияти вазорату идораҳо, намояндагони корпусҳои дипломатӣ дидан намуданд. 


Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода суханронӣ намуда, зикр карданд, ки соҳаи ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, сол то сол рушд ёфта истодааст.  Соли ҷорӣ ҷиҳати ҳавасмандгардонии ҳунармандони кишвар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026» қабул гардид, ки тибқи қарори мазкур давоми солҳои 2024-2026 дар маҷмуъ 60 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмуъ ба маблағи 1 500 000 (як миллиону панҷсад ҳазор) сомонӣ таъсис дода шудааст, ки барои рушди фаъолияти ҳунармандӣ, омӯзиши касбҳои ҳунармандӣ, навоварӣ ва ташаббускорӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, омӯзишу тарбияи шогирдон ва таъсиси мактаби ҳунармандӣ нигаронида шудаанд. 


Фестивал дар се давр доир шуда, ҳунармандони кишвар аз рӯйи 9 номинатсия, аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ, бофандагӣ, коркарди чарм, коркарди чӯб, маҳсулоти ғайриметаллӣ, заргарӣ, созҳои мусиқӣ, санъати нафиса ва ҳунарҳои кишоварзӣ маҳсулоти офаридаи худро пешниҳод намуданд.  Ба даври ниҳоӣ зиёда аз 100 нафар ҳунарманд аз вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо роҳхат гирифтанд, ки дар чорабинии имрӯза ҳунарҳои худро ба ҳайати ҳакамон, иштирокчиён ва меҳмонон муаррифӣ намуданд. Аз рӯйи ҳар як номинатсия ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3 муайян гардида, бо мукофотҳои пулӣ, “Дипломҳо”-и дараҷаи 1, 2 ва 3, сарфароз гардонида шуданд. Зикр намудан бо маврид аст, ки тибқи маълумоти расмии омории соли 2023 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 8041 ҳунарманд фаъолият менамоянд, ки нисбат ба соли 2022 1814 нафар зиёд мебошад. 


Ҳунармандон аз рӯйи 12 касби соҳаи истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ ва аз рӯйи 167 касбу ҳунар ба косибию хунармандӣ машғул буда, аз ин шумора 3216 нафари онҳо хамчун косиб ба ҳунари истеҳсоли дастӣ дар хона машғул мебошанд. Теъдоди ҳунармандон аз шаҳру ноҳияҳои вилоятҳо, аз ҷумла дар ВМКБ 556 нафар, вилояти Хатлон 3330 нафар, вилояти Суғд 2647 нафар, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 1339 нафар ва шаҳри Душанбе 115 нафарро фарогир мебошад. 
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ҳунармандон дар соли 2023 ба 79,6 миллион сомонӣ ва дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба 19,7 миллион сомонӣ баробар гардидааст.  Дар ин давра дар назди муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти калонсолон, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 47 марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир таъсис дода шуда, барои ҳавасмандгардонии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ фурӯш, иҷрои кор ва хизматрасонии 108 номгӯйи намудҳои фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ оид ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона аз пардохти ҳамаи андозҳо озод карда шуд.

 

11.05.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ