img
ДАСТГИРИИ ИҶТИМОИИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТИИ БА ВАТАН БОЗГАШТА.    

Аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта ва мутобиқсозии онҳо ба бозори меҳнати дохили кишвар  корҳои муайян ба иҷро  мерасад.

 

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми январи соли 2006, №62 “Дар барои тасдиқи қоидаҳои аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ расонидани хизматҳои машваратӣ ва кӯмаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватанбаргаштае, ки хоҳиши соҳибкорӣ доранд” татбиқ гардида, тибқи моддаҳҳои 21 ва 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои ташкили низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор» аз 1 августи соли 2008, №373 ва фармоиши  вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2009, №16 таҳия гардида, барои расонидани кӯмаки методӣ ба кормандони соҳа дар самти ташкил  ва гузаронидани тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор омода шудааст.

 

Дар баробари ин муҳоҷирони  меҳнатӣ бо ҷойи кори мавсимӣ ва  доимӣ таъмин  гардида дар ин давра  ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд ва ба як қисме аз онҳо  қарзҳои имтиёзнок барои соҳибкорӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ расонида шуд. Муҳоҷирони ба Ватан бозгашта дар мақомоти шуғли аҳолӣ сабт карда шуда ба касбҳои  гуногун  (назоратчии барқ, барқчӣ, сохтумончӣ, кулолгар, нонпаз, қаннод, ошпаз, рӯзноманигорӣ, дӯзанда, фӯрушанда, пешхизмат, котиба-коргузор  ва дигар низ омӯзонида мешавад. 

 

 Аз он ҷумла омузиши забонҳои хориҷи (русӣ, англисӣ ва кореягӣ) аз ҳисоби маблағҳои буҷети барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ (ройгон), тавассути  худмаблағгузор, тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон валидатсия ва шартномавӣ сафарбар карда мешаванд. Инчунин ба аъзои оилаи муҳоҷирони ба ватан бозгашта аз ҷониби сохторҳои Агентӣ  хизматрасониҳои болозикр пешниҳод карда мешавад.

 

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дастгоҳи марказии Агентӣ утоқи қабули муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта (реинтегратсия) фаъолият менамояд, ки барои хизматрасонии онҳо роҳандозӣ мегардад.

 

 

Мудири бахши иттилоотӣ

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Фарангези Ҷамолидин

 

 

 

17.12.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ