img
12 – уми ИЮН РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО МЕҲНАТИ КӮДАК

 

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдакон ҳамасола 12-уми июн ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи меҳнати кӯдакон ва оқибатҳои он таҷлил мешавад. Меҳнати кӯдакон корест, ки кӯдаконро аз кӯдакӣ маҳрум месозад, онҳоро зери хатар мегузорад ва барои ноил шудан ба рушди неруи онҳо монеъ шуда, ба инкишофи ҷисмонӣ ва руҳии онҳо зарар мерасонад. Ҳамзамон, меҳнати кӯдак як мушкили ҷаҳонӣ боқӣ мемонад, ба таҳсили кӯдакон монеа эҷод мекунад, ба саломатии онҳо зарар мерасонад ва имкониятҳои шуғли ояндаи онҳоро маҳдуд мекунад.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳои ҷаҳон ҳамасола Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдакро таҷлил менамояд. Аз ҷониби Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат аз соли 2002 инҷониб ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии мубориза барои аз байн бурдани меҳнати кӯдакон эълон гардидаст. Мақсади он ҷалби таваҷҷуҳи аҳли башар ба мушкилоти кӯдакон ва зарурати татбиқи чораҳои бартараф кардани он мебошад. Имсол Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдакон ба мавзуи муҳим бахшида шудааст: яъне ба интишори гузориши ҷаҳонии ҳисоб ва тамоюлҳо оид ба меҳнати кӯдакон барои соли 2025. Гузориши муштараки Созмони Байналмилалии Меҳнат (СБМ) ва Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) таҳлили пешрафтҳои ҷаҳониро дар рафъи кори кӯдакон фароҳам хоҳад намуд.

 

Таҳлилҳои коршиносон нишон медиҳанд, ки сабабҳои асосии мавриди истифода қарор гирифтани меҳнати кӯдакон дар шаҳрҳои калон мушкилоти оилавии дорои хусусияти иқтисодӣ мебошад. Вазъияти душвори иқтисодӣ боиси он мегардад, ки волидайн талаботи рӯзафзуни фарзандони худро қонеъ гардонида наметавонанд. Чунин вазъият кӯдаконро маҷбур мекунад, ки манбаъҳои рӯзгори худашонро ҷустуҷӯ кунанду дарёбанд.

Сиёсати ҳифзи меҳнати кӯдакони аз ҷониби давлат муайяншуда барои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ (корфармо) уҳдадории муҳим ба ҳисоб рафта, пешгирии иштироки ашхоси мазкурро дар корҳои шароиташон номусоид ва зараровар тавассути амалҳои мувофиқашудаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои корфармоён, иттифоқҳои касаба ва мақомоти дигари намояндагии ваколатдори кормандон амалӣ мегардад.

Меҳнати кӯдаконро, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум кардааст, метавон ба се гурӯҳ тақсим намуд:

- бадтарин шаклҳои меҳнати кӯдакон, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун ғуломӣ, хариду фурӯши кӯдакон, меҳнати вобаста ба асорат ва дигар шаклҳои меҳнати маҷбурӣ, ҷалби маҷбурии кӯдакон барои истифода дар даргириҳои мусаллаҳона бо мақсади танфурӯшӣ;

- меҳнате, ки барои иҷрои он синни ҳадди ақали кӯдак нарасидааст (мувофиқи қонунгузории миллӣ ва дар асоси стандартҳои қабулшудаи байналмилалӣ), ки бо ҳамин ба таълиму тарбияи кӯдак ва ҳамаҷонибаи ӯ халал мерасонад;

– меҳнате, ки ба вазъи саломатии ҷисмонӣ, руҳӣ ё ахлоқии кӯдак ва рушди кӯдак, аз рӯи моҳияташ ё бо сабаби шароити иҷрои он хатар эҷод мекунад ва “кори хатарнок ва зарарнок” ном дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси сиёсати хирамандона ва дурбинона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак сол аз сол коҳиш меёбад.

 

Таваҷҷуҳ ба масъалаи барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ковенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдак (1989), Конвесияҳои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат №138 “Оид ба ҳадди ақали синну сол барои ба кор қабул кардан” (с.1993), № 29 “Дар бораи меҳнати маҷбурӣ ё ҳатмӣ” (1993) ва №182 “Оид ба манъ кардан ва аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак”(2005) ва Тавсияномаи ТБМ №190 “Оид ба манъ намудан ва чораҳои зарурӣ андешидан ҷиҳати нест намудани шаклҳои бадтарини меҳнати ноболиғон” сарчашма мегиранд. Ҷиҳати татбиқи санадҳои меъёрӣ, дар назди Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир» (собиқ Маркази таълими калонсолон ) аз соли 2009, бо дастгирии Созмони Байналмилалии Меҳнат, бахши мониторинги меҳнати кӯдак таъсис дода шуд, ки то ба имрӯз фаъолият дорад.

 

Бояд қайд намуд, ки дар таҳия ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба самти берун овардани кӯдакон аз бозори меҳнат, татбиқи чораҳои пешгирикунандаи ҷалби кӯдакон ба шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак, мусоидат барои фароҳамоварии шароит ҷиҳати хизматрасонии иҷтимоӣ, бо таҳсилоти мактабӣ фаро гирифтани ин кӯдакон ва бобати мусоидат дар таъминоти иҷроиши чорабиниҳое, ки дар барномаҳо, нақшаи амалиёт ва дигар ҳуҷҷатҳои давлатӣ нисбат ба барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак пешбинӣ шудаанд, Ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Созмони Байналмилалии Меҳнат (СБМ), Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ва Лоиҳаи Иттиҳодияи Аврупо дар самти кумаки техникӣ ба соҳаҳои маориф ва меҳнат, инчунин дигар институтҳои байналмилалӣ саҳм гузоштаанд.

 

Ба ин тариқ, мубориза бо шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон на танҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои алоҳида дахл дорад, ин вазифаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳру ноҳияҳо, корфармоён, шарикони иҷтимоӣ, ҳар як шаҳрванд, падару модарон ва аҳли ҷомеа мебошад. Дар ҳамдастӣ мо метавонем роҳи меҳнати номатлуби кӯдаконро боздошта, ба онҳо шароити арзанда фароҳам оварем, ҳамзамон, ҳаёташонро зери хатар нагузошта, ба рушди неру, инкишофи ҷисмонӣ- руҳии онҳо мусоидат ва имкониятҳои шуғли ояндаи онҳоро таъмин намоем.

 

РАҶАБОВ Раҷаб.

сардори Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ

ва сатҳи зиндагии аҳолии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират

ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

12.06.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ