Артиши миллӣ яке аз пояҳои асосии давлатдорӣ ва кафили пойдории сулҳу субот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ то имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар ҳифзи истиқлол, якпорчагӣ ва амнияти миллӣ нақши сарнавиштсоз доранд.
Пас аз ба даст овардани истиқлолият, зарурати таъсиси нерӯи мудофиавии мустақил пеш омад. 23 феврали соли 1993 расман таъсис ёфтани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Аз ҳамон рӯз ин сана ҳамчун Рӯзи Артиши Миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар шароити душвори солҳои аввали истиқлол, маҳз сарбозону афсарони содиқ ба савганди ҳарбӣ тавонистанд амнияти кишварро таъмин намуда, пояҳои давлатдории навинро устувор созанд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Чумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, «Қувваҳои Мусаллаҳ кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буда, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар саҳми бузург дорад.
Ҳар як афсару сарбози шуҷои кишвар, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бо нангу номуси миллат бадаст омадааст. Илова бар ин, ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки мардуми Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷои Ватани азизамонро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд.
Ҳар ҷавон бо хизмати содиқона бояд исбот намояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошад. Хизмат дар сафи артиш на танҳо иҷрои вазифаи ҳарбӣ, балки мактаби воқеии тарбияи ватандӯстӣ, интизом, масъулиятшиносӣ ва шуҷоат мебошад. Сарбози тоҷик бо эҳсоси баланди ифтихор ва садоқат ба Ватан адои хизмат мекунад.
Мардонагӣ дар сафи артиш маънои устуворӣ дар муқобили душвориҳо, омодагӣ ба ҳифзи марзу буми кишвар ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дорад. Шуҷоат бошад, рамзи ҷасорат, далерӣ ва иродаи қавӣ аст, ки дар симои ҳар як муҳофизи Ватан таҷассум меёбад. Артиши миллӣ барои ҷавонон мактаби камолоти шахсият аст. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳисси масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба қонун, дӯст доштани Ватан ва ифтихор аз давлатро тақвият медиҳад.
Ҷавонони далеру шуҷоъ имрӯз бо дарки масъулияти баланд барои ояндаи кишвар дар сафи артиш хизмат намуда, анъанаҳои неки ҳимояи Ватанро идома медиҳанд. Дар ҷаҳони муосир, ки вазъи сиёсиву амниятӣ дар минтақаҳои гуногун мураккаб боқӣ мемонад, мавҷудияти артиши тавоно ва омодабош омили муҳими суботи давлатӣ ба ҳисоб меравад. Артиши миллӣ бо иҷрои вазифаҳои худ дар самти ҳифзи истиқлолият, якпорчагии арзӣ ва амнияти ҷомеа нақши калидӣ мебозад.
Боиси ифтихор аст, ки Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба анъанаҳои касбии ифодагари сифатҳои баланди ватандӯстию хештаншиносва савганди ҳарбии худ содиқ монда, аз рӯзи аввали ташкилшавӣ дар чунин як марҳила ва давраи мураккаби сарнавиштсоз, ки пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии Ватанро хатарҳои зиёд таҳдид мекард, бетараф намонданд. Афсарони содиқ ба Ватану миллат ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи ҷамъятию сиёсии кишвар, ҳимояи сохти конститусионӣ, ҷасорату мардонагӣ нишон доданд.
Ҳар як сарбозу афсар бо дарки масъулияти баланд барои ҳифзи сулҳу осоиштагии кишвар хизмат менамояд. Ин рисолати муқаддас ба маънои воқеӣ таҷассумгари шуҷоат ва мардонагӣ мебошад. Артиши миллӣ на танҳо нерӯи ҳарбӣ, балки рамзи ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолияти давлатӣ мебошад. Ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳи қавӣ ва муназзам гувоҳи эътимоди ҷомеа ба ин ниҳоди муҳими давлатӣ аст.
Дар рӯзҳои таҷлил аз Рӯзи Артиши Миллӣ, мардуми кишвар бо эҳсоси ифтихор ва сипосгузорӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ арҷ мегузоранд. Ин эҳтиром нишонаи қадршиносӣ аз фидокорӣ ва садоқати фарзандони Ватан аст. Артиши миллӣ такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари устувори Ватан аст. Бо нерӯи матин, иродаи қавӣ ва рӯҳи баланди ватандӯстӣ сарбозону афсарони тоҷик вазифаи муқаддаси худро бо сарбаландӣ иҷро менамоянд. Ҳифзи Ватан шарафи бузург аст ва Артиши миллӣ имрӯз ҳамчун рамзи шуҷоат, мардонагӣ ва ифтихори миллат боқӣ мемонад.
КАРИМЗОДА Насим Самиҷон,
муовини якуми вазири меҳнат,
муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон