Рӯзи 8 декабри соли 2025 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон бо роҳбарии муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф мизи мудаввар баргузор карда шуд.
Дар мизи мудаввар аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе, намояндагони шарикони рушд - МОМ, ICMPD, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин кормандони дастгоҳи марказии Вазорат, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, хадамотҳо ва муассисаҳои давлатии низоми Вазорат устодон, донишмандону мутахассисони соҳаи ҳуқуқи меҳнат ва муҳоҷират иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҳамоиши мазкур оид ба мавзуъҳои “Масъалаҳои мубрами танзим ва амалишавии ҳуқуқ ба меҳнат”, “Куруши Кабир ва эъломияи ҳуқуқи башари ӯ”, “Ҳуқуқ ба меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ”, “Кӯдакон таҳти ҳимояи давлатанд” маърӯзаҳо ва музокираҳо пешниҳод гардиданд.
Дар фарҷом муовини вазир Норзода Шариф оид ба таъмини ҳуқуқи инсон, дастовардҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии занон, ҳуқуқи кӯдакон ва диверсификатсияи муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишварро қайд намуда, оид ба иҷроиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсияҳо ва Созишномаҳои имзошуда ва ратификатсияшуда суханронӣ намуданд.