img
ДАСТГИРИИ МУҲОҶИРАТИ МУВАФФАҚ

 

Рӯзҳои 5-6 марти соли 2025 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ дар мавзуи “Сафари оянда: Дастгирии муҳоҷирати муваффақ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ” чорабинӣ доир гардид, ки дар кори он ҳайатҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон,  Қазоқистон, Қирғизистон, Филиппин, Бангладеш, Марокко иштирок намуданд.

 

Ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза роҳбарӣ намуда, рӯнамо дар мавзуи “Афзалиятҳои сиёсати муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

 

Зимни чорабинӣ ҷонибҳо масъалаи рақамикунонии хизматрасониҳо дар самти муҳоҷират, коркарди механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, тақвият додани корҳо дар самти омодасозии пеш вз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ва ва густариши ҳамкориҳоро дар самти муҳоҷирати бехатар муҳим арзёбӣ намуданд.

06.03.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ