img
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

 

Санаи 4 октябри соли 2024 бо роҳбарии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба таҷлили Рузи забони давлатӣ баргузор гардид. Дар оғози ҳамоиш муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа Ҳайати меҳмонон вакили маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳарбону ва Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насруллоро хайрамақдам намуданд ва ҳозиринро ва бо ин санаи мубораки сиёсӣ муборакбод намуда, ба ҳамагон неруву мувафаққиятҳои беназир таманно намуданд.

 

Ҳамзамон муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа аз талошу заҳматҳои Сарвари муаззами миллат ва ғамхориҳои пайвастаашон дар рушду нумуъи забони давлатӣ ёдовар шуданд ва маҳз кайд намудан, ки пас аз ба даст овардани истиқлоли комили миллӣ забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои бевоситаи давлат ва Ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.

04.10.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ