Дар шаҳри Женева вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва дигар ташкилоти байналмилалӣ Шараф Шерализода бо директори генералии Созмони байналмилалии муҳоҷират Эми Поуп баргузор гардид.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ, хусусан татбиқи амалии лоиҳаҳои дуҷонибаро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор доданд.