img
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ДАР МД «ХОНАИ КӮДАКОНИ №1 БАРОИ КӮДАКОНИ ЯТИМУ БЕПАРАСТОР»-И ШАҲРИ ДУШАНБЕ

 

 

Бахшида ба 1 июн — Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар МД «Хонаи кӯдакони №1 барои кӯдакони ятиму бепарастор»-и шаҳри Душанбе чорабинии идона баргузор гардид.

 

Дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар муассисаи давлатии Хонаи кӯдакони №1 барои кӯдакони ятиму бепарастор дар Душанбе чорабинии бошукӯҳи фарҳангиву маърифатӣ ва идона баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, омӯзгорону мураббиён ва тарбиятгирандагони муассиса иштирок намуданд.

 

Дар чорабинии идона Солеҳа Холмаҳмадзода — Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Одилзода Дилбар — муовини Раиси шаҳри Душанбе иштирок намуда, тарбиятгирандагони муассисаро ба муносибати ин рӯзи муҳим самимона табрик гуфта, ба онҳо тандурустии бардавом, рӯҳияи болида, таҳсили хуб ва ояндаи дурахшон орзу намуданд.


Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагӣ, таълиму тарбия ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, таҳти роҳнамоиву дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон —амалӣ мегардад.

 

Иброз гардид, ки сиёсати инсонпарварона ва иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба насли наврас, бахусус кӯдакони ятиму бепарастор, сол то сол тақвият ёфта, барои онҳо шароити мусоиди зиндагӣ, тарбия, таҳсил, хизматрасонии тиббӣ, рушди қобилиятҳои зеҳнӣ ва фароғатӣ муҳайё карда мешавад. Таъкид карда шуд, ки ғамхорӣ нисбат ба кӯдакону наврасон, дастгирии иҷтимоии онҳо ва тарбияи насли солиму соҳибмаърифат аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ва давлат маҳсуб ёфта, ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар қарор дорад.

 

Дар ҷараёни чорабинӣ аз сиёсати хирадмандона, инсондӯстона ва ятимпарваронаи Пешвои миллат ёдоварӣ шуда, гуфта шуд, ки маҳз бо ташаббус ва таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлат дар кишвар даҳҳо муассисаҳои иҷтимоӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ барои дастгирии кӯдакони ниёзманд ва ятиму бепарастор фаъолият менамоянд. Зикр гардид, ки муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагӣ ва муҳити гарму оилавӣ барои чунин кӯдакон аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат мебошад.

 

Ҳамчунин таъкид шуд, ки насли наврас ояндаи миллат ва давлат буда, сармоягузорӣ ба таълиму тарбия, донишандӯзӣ, ҳифзи саломатӣ ва рушди маънавии онҳо кафили пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ вазифадоранд барои таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ саҳмгузор бошанд. Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ тарбиятгирандагони муассиса бо қироати шеърҳо ва гулдухтарони МД “Ансабли ҷумҳуриявии Лаъл” бо иҷрои рақсҳои ҷолиб ва сурудҳои ватандӯстона табъи меҳмононро болида гардониданд.

 

Дар фарҷоми чорабинӣ ба кӯдакони муассиса туҳфаҳои идона, шириниҳо ва кумакҳои моддӣ тақдим гардида, меҳмонон бо шароити зист, таълим ва тарбияи кӯдакон аз наздик шинос шуданд. Чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ, эҳсоси меҳру муҳаббат ва шодиву нишоти кӯдакон анҷом пазируфт.

 

01.06.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ