img
ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА  

ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА  

https://www.facebook.com/share/p/1DoSJAz5JS/ 

 

Шоми 18 майи соли 2026 ҳайати васеи кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иқдомоти байналмилии “Шабе дар Осорхона”, ки ба ифтихори Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд, фаъолонаи иштирок намуданд.

 

Зимни боздид тамошобинон аз таърихи куҳану фарҳанги пурғановати аҷдодони хеш - миллати тоҷик, навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумии он, бо инобати тарзи зисту зиндагонӣ, анъана ва расму ойин, урфу одат ва қаҳрамонию ҷоннисориҳои фарзандони миллати тоҷик ошнойӣ пайдо карданд.

 

Дар ин раванд, тамошобинон бо аз худ намудани маълумот дар хусуси саҳми ворисони миллати тоҷик дар рушду равнақи соҳаҳои гуногуни илму дониш дар минтақа ва арсаи байналмилалӣ, инчунин дастовардҳои замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаҳони маънавии хешро пурғановат намуданд. Тамошои осорхона ҷолибу фараҳбахш сурат гирифта, барои ҳар як фард бо ҷаҳони андешаҳои солими ватандӯстӣ, осоиштагӣ, қадршиносии аз суботу оромии Ватани маҳбубамон пуртаасуроту ғановатбахш натиҷагирӣ ёфт.

19.05.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ