Масоили тақвият бахшидани нақши Модар дар рушди ҷомеаи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол тавассути тарбияи фарзандони соҳибмаърифату худогоҳ ва ватанпарвар дар даврони муосир яке аз масъалаҳои мубрам маҳсуб меёбад.
Дар ин ҷода бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини баробарии гендерӣ як қатор санадҳои меъёрии-ҳуқуқиро аз қабили, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардон ва занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба барҳам додани табъиз нисбат ба занон барои солҳои 2019-2022, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, инчунин, уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Рӯзномаи асри XXI ва Ҳадафҳои Рушди устувор (ҲРУ), ки дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи Генералии СММ 25 сентябри соли 2015 тасдиқ шудаанд, ба тасвиб расонида, татбиқ намудааст. Имрӯз, ки мо дар арафаи Рӯзи Модар қарор дорем, бояд сидқан эътироф намоем, ки модарони мо воқеан ҳам қобили таваҷҷуҳу қадршиносии аҳли ҷомеаи навини Тоҷикистон, ки дар саргаҳи он фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, ҳастанд.
Бо таъкиди Пешвои миллат: «Мову шумо на фақат дар як Рӯзи Модар, яъне 8 март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем». Имрӯз мо бояд эътироф намоем, ки айни замон дар кишварҳои дуру наздики олам Модар аз он қадру манзалате, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дорад, бархурдор нест.
Дар марҳалаи кунунӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ Модари тоҷик нақши муассирро соҳиб мебошад. Метавон бо камоли эҳтиром аз он изҳори қаноатмандиву хушнудӣ намуд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи командони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкорон ва 25 фоизи хизматҷиёни давлатиро занону бонувон ташкил медиҳанд. Теъдоди бонувони муҳаққиқ ва коршиносони пажӯҳишгар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста афзоиш меёбад. Дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи занон 1093 номзади илм, 159 доктори илм, 95 профессор, 700 дотсент ва 1050 ассистент ба фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ машғул ҳастанд.
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бошад, 2 нафар академик, 3 нафар узви вобастаи Академия, 33 нафар доктори илм, 109 нафар номзади илм, 102 нафар магистрант ва 75 нафар докторанти PhD бонувон мебошанд. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои ҷомеаро бо бонувон ба танзим дароварда, ҳуқуқҳои онҳоро дар соҳаҳои иҷтимоиёт, сиёсат, иқтисод ва фарҳанг дифоъ менамояд.
Вусъатбахшии доираи ҳуқуқ ва имкониятҳои иқтисодии Модар ба рушди иқтисодиёт, боло рафтани сатҳи истеҳсолот ва рушд мусоидат мекунад. Вобаста ба ин дастрасии занон ба захираҳои молиявӣ ва таъминоти иҷтимоӣ дар санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ сабт гардидааст. Аз ҷумла ҳуҷҷатҳои байналмиллалие, ки нисбати санадҳои ҳуқуқии миллӣ бартарӣ доранд, ҳуқуқи мазкур дар моддаи 13 Конвенсия оид ба рафъи тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон сабт гардидааст. Дар он махсусан гуфта шудааст, ки давлатҳои аъзо тамоми тадбирҳои дахлдорро барои рафъи табъиз нисбати занон дар дигар соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ меандешанд, то ки дар асоси баробарии мардону занон ҳуқуқҳои баробарро таъмин намоянд, аз ҷумла:
а) ҳуқуқ ба кумакпулиҳои оилавӣ;
б) ҳуқуқ барои гирифтани қарзҳо, қарз таҳти кафолати амволи ғайримақул ва дигар шаклҳои кредити молиявӣ;
в) ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои вобаста ба истироҳат машғулшавӣ ба варзиш ва дар тамоми соҳаҳои ҳаёти фарҳангӣ. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи таъмини иҷтимоии шаҳрвандон ва махсусан модарон диққати махсус медиҳад. Тибқи муқаррароти моддаи 34 модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд.
Дар моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробарӣ амалигардонии онҳо” муқаррар карда мешавад, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва роҳбарони ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият вазифадоранд баробар дастрас будани захираҳои иқтисодии ҷамъиятиро барои мардону занон, аз ҷумла дастрас будани амволи манқул ва ғайриманқул, замин, дороии молиявӣ, кредитҳо, ҳамчунин фаъолияти соҳибкории озод, дигар хел фаъолияти бо санадҳои қонунгузорӣ манънашударо таъмин намояд. Зану шавҳар дар интихоби шуғл, касб, намуди фаъолият, иқоматгоҳ ва маҳали будубош озод мебошанд. Масъалаҳои падариву модарӣ, тарбияи фарзанд, маълумотноккунӣ ва масъалаҳои дигари ҳаёти оилавиро зану шавҳар якҷоя, бо назардошти принсипи баробарҳуқуқии зану шавҳар ҳал менамоянд.
Қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, ки ҳар шахс дар интихоби касб ва ҷои кор аз рӯи қобилияти худ озод мебошад. Шахс метавонад вобаста аз рӯи қобилияти худ бо корфармо шартнома баста, ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шавад ва ба хоҳиши худ озодона метавонад фаъолияти меҳнатияшро қатъ намояд ва чунин шартномаи (қарордоди) меҳнатиро талаб намояд.
Тибќи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон хел маҳдудиятҳои мустақим ё ғайримустақими ҳуқуқ ё муқаррар намудани афзалиятҳои мустақим ё ғайримустақимро ҳангоми ба кор қабул намудан аз рӯи аломатҳои новобаста ба сифатҳои кории корманд, аз он ҷумла вобаста аз ҷинсро роҳ намедиҳад. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи меҳнати занонро барои корҳои вазнин ва дар корҳои шароити меҳнатиашон зарарнок, ба ғайр аз корҳои ғайриҷисмонӣ ё корҳо оид ба хизматрасонии санитарӣ ва маишӣ, роҳ намедиҳад.
Ин меъёр бо мавҷуд будани Номгӯи истеҳсолот, кору ихтисосҳо ва вазифаҳои шароити корашон вазнину зарарнок ё хатарнок, ки истифодаи меҳнати занон дар он манъ аст, мушаххас гардонида мешавад. Баробарҳуқуқии занон бо мардон дар дигар қонунҳои соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ пешбинӣ гардида, имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо кафолат дода шудааст.
Бояд, қайд намуд, ки дар фарҳанги оиладории миллати тоҷик тарбияи фарзандон дар ҷойи аввал истода, масъулияти аввалиндараҷаи волидайн, махсусан Модарон дурусту баркамол ва бидуни хушунат ба воя расонидани фарзандон мебошад. Бо як ҷаҳон миннатдориву арзи сипоси бепоён бояд бигӯем, ки Модари ғамхору меҳрубони тоҷик аз даврони ниёгон то кунун масъулияти хешро дар сатҳи ниҳоят баланд ба иҷро мерасонад. Бигузор, Рўзи Модар ва рўзгорони дигар ба Шумо, Модарони азиз ва ањли хонадонатон пайваста хушбахтиву саодатмандиро насиб гардонанд!
Моёншо Маҳмадбекзода - директори
МД Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ