7 феврали соли 2024 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи хонишҳои идоравӣ ҳамоиш оид ба шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2009, №553 «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, №647 “Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” баргузор гардид. Дар он кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ иштирок намуданд.
Намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодова Сарвбону ва Зарабекова Маҳина дар чорабинӣ иштирок ва суханронӣ намуда, ба ҳозирин оид ба дастоварҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рафти амалишавии Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 маълумот дода, мафҳумҳои асосии қонунро дар таҳрири нав шарҳу тавзеҳ доданд. Бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 қонуни мазкур дар таҳрири нав қабул гардид, ки он аз 7 боб ва 28 модда иборат мебошад. Дар машғулият муҳтавои ҳар як боб ва модда ба иштирокчиён шарҳ дода шуда, дар хотима иштирокчиёни машғулияти идоравӣ ба саволҳои худ посух гирифтанд.