16-уми майи соли 2025 дар бинои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ва Рӯзи ҷавонон ҳамоиши ҳизбӣ таҳти унвони “Нақши занону ҷавонон дар татбиқи ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкурро муовини Раиси Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон Абдуллозода Умеда ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки оилаи солим омили муҳимми пойдории давлат мебошад. Маҳз фарзандони соҳибмаълумот, бомаърифат ва оқилу зирак ба қадри падару модар, миллат ва Ватани азизи худ мерасанд ва имрӯз дар ҷомеаи мо оила аз тарафи давлат ҳимоя ва дастгирӣ меёбад.
Дар ҳамоиш ҳамзамон, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, собиқадори меҳнат Хайринисо Юсуфӣ, Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидвализода Барно ва Бобоиён Мадина, муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф, муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаинзода Зарина, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам иштирок ва суханронӣ намуданд.
Инчунин, дар ҷараёни ҳамоиши мазкур масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии занону ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳадаф аз татбиқи ҳамоиш на танҳо баланд бардоштани мақому манзалати занон ва ҷавонон, балки таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ кардани фаъолияти онҳо мебошад.