img
ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ TELC GMBH (ОЛМОН), ШАҲРИ ДУШАНБЕ, 19 НОЯБРИ СОЛИ 2025.

Мавзуъ: Ҳамкориҳои судманди самти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Олмон масъалаҳои омӯзиш ва санҷиши забони олмониро ба сатҳи баланд мебардорад. Имрӯз – 19.11.2025 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муҳтарам Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндагони ширкати TELC GmbH ҷаноби Винфрид Элвангер ва хонум Қурбанӣ Монассер Фараҳ баргузор гардид. Зимни мулоқот вазири меҳнат ташрифи ҳайати ширкати олмониро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аҳамияти ҳамкориҳоро дар самтҳои таҳсилоти касбӣ, омӯзиши забони олмонӣ, арзёбии дониш ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати Олмон муҳим арзёбӣ намуд.

 

Ҷонибҳо таъкид карданд, ки равобити Тоҷикистону Олмон дар соҳаи меҳнат ва таҳсилоти касбӣ сол аз сол густариш ёфта, саҳми шарикони олмонӣ – аз ҷумла Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи таълими калонсолони Олмон (dvv international), Филиали Ассотсиатсияи Каритаси Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) ва Фонди хазинаҳои амонатгузориии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (German Sparkassenstiftung) дар рушди бозори меҳнат, такмили малакаҳои касбӣ, дастгирии муҳоҷирон ва ташаббусҳои соҳибкорӣ назаррас арзёбӣ мешавад.

 

Вохӯрии кунунӣ идомаи мантиқии сафарҳои расмии ҳайати кории Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон мебошад, ки тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 июли соли 2025 сурат гирифта буд. Дар доираи сафар мулоқоти корӣ бо роҳбарияти TELC gGmbH баргузор гардида, ҷиҳати роҳандозии ҳамкории амалӣ дар бахши омӯзиш ва санҷиши дониши забони олмонӣ тавофуқҳои муҳим ҳосил шудаанд.

 

Дар натиҷаи гуфтушунидҳои қаблӣ Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати TELC GmbH ба имзо расидааст. Санади мазкур шароити зарурии зеринро фароҳам меорад:

  • ташкили санҷишҳои расмии донистани забони олмонӣ дар Тоҷикистон;
  • такмили ихтисоси омӯзгорони забони олмонӣ;
  • васеъ намудани шабакаи курсҳои таълимии забони олмонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;
  • омодасозии мутахассисон барои фаъолияти касбӣ дар Олмон.

Зимни мулоқот ҷонибҳо таъкид карданд, ки ҳамкории нав бо TELC GmbH барои баланд бардоштани савияи дониш, рушди малакаҳои касбӣ ва рақобатпазирии шаҳрвандони Тоҷикистон дар бозори байналмилалии меҳнат имкониятҳои нав фароҳам меорад. Ин иқдом ҳамчунин пойдевори робитаҳои дӯстӣ, эътимод ва ҳамкории устувори Тоҷикистону Олмонро боз ҳам таҳким мебахшад.

20.11.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ