Рӯзи 14 ноябри соли 2025, соати 1100 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ҳайати мушовараи вазорат, муовинони вазир, роҳбарони сохторҳо, мутахассисони дастгоҳи марказӣ ва ҳайати васеи кормандони низоми вазорат, бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамоиши тантанавӣ баргузор карда шуд. Дар кори ҷаласа баҳри тавсеаи гуфтору афкори воқеъбинонаи ҷашнӣ бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” меҳмонони баруманд - иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ, собиқ Вазири меҳнат муҳтарам Рафиқа Мусоева Ғаниевна ва Директори маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ муҳтарам Холиқзода Абдураҳим Гаффор даъват шуда бо суханҳои пурмуҳтаво ба самъи аҳли нишаст маълумоти дақиқу шуниданӣ пешкаш намуданд.
Кори ҷаласаро муҳтарам Солеҳа Холмаҳмадзода - Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, баъд аз шунидану ҳамовозӣ ба садои дилошуби суруди миллӣ меҳмонони олиқадр ва ҳамаи кормандонро хайрамақдам хонда, ҷашни пурифтихори “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро муборакбод гуфтанд.
Дар раванди табрикот, бо суханрониҳои пурфасоҳату балоғат паҳлӯҳои васеи хизматҳои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз оғози сарварияшон то имрӯз якояк ба таври шоиставу назарсанҷиҳои дурандешона ба самъи ҳамагон расониданд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки имрӯз мо дар арафаи таҷлили яке аз идҳои бузурги миллӣ - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Таърих гувоҳ аст, ки дар раванди тамаддунофарии миллати тоҷик кору пайкор, хидмату дастовардҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нотакрор аст. Барои Тоҷикистони тозаистиқлол маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин сиёсатмадоре мебошанд, ки истиқлолияти комили сиёсиро таъмин намуда, ваҳдати миллиро устувор сохта, иқтисодиёти пасазҷангиро ба маҷрои дурусти рушд расонданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик аз дурахшонтарин чеҳраҳое мебошанд, ки бо фаросату ҷасорат, сиришти пок ва фитрати азалӣ дар маснади бузурги роҳбарӣ нишастанд ва давлатдории миллии тоҷиконро дар даврони муосир асос гузоштанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти таърихии миллат мебошанд, ки дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуданд ва дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудаанд.
Муҳарам Солеҳа Холмаҳмадзода бевосита дар бораи қонунҳо, созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи дохилию хориҷӣ ва барномаҳои пуртадбири марбут ба соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ба тасвиб расида ва мавриди амал қарордошта, инчунин дар хусуси натиҷаҳои боровари онҳо ботафсил хотиррасон карданд. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар ин замина, бо ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати соҳибистиқлолии баъд аз Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ, дар мамлакат ба теъдоди зиёда аз 4 миллион ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд. Музди миёнаи маош аз 15 сомонии дар соли 2000-ум буда, давра ба давра, то соли 2025 ба 2665 сомонӣ баланд бардошта шуда, дар ин давра сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 80 фоиз то ба 20 фоиз коҳиш дода шудааст, ки ин аз дастовардҳои муҳимтарини иҷтимоиву иқтисодӣ дар минтақа ба шумор меравад.
Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардааст. Мукофоти ин ҳама заҳматҳо ҳамчунин ҳусни таваҷҷӯҳ ва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳон мебошад, ки мунтазам нисбат ба Сарвари донову тавонои Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида ва ифодагари марому ормонҳои умумибашарӣ иброз мегардад.
Дар навбати дувум, сухан ба иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ, собиқ Вазири меҳнат муҳтарам Рафиқа Мусоева Ғаниевна дода шуд. Зимни суханронӣ, муаллима Рафиқа Мусоева аз нахустин рӯзҳои интихоботи Сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ, рафти иҷлосияи мазкур, қабули Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, нахустин савгандёдкунии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бӯсидани парчам, раванди барқарорсозии сохти конститутсионӣ, рӯзҳои аввали баҳамоварии сулҳу ваҳдати миллӣ ва дигар паҳлуҳои ҳаводиси таърихии миллат, вобаста ба қаҳрамониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон карданд.
Дар идомаи ҷаласа, сухан ба Директори маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ муҳтарам Холиқзода Абдураҳим Ғаффор дода шуд. Холиқзода А.Ғ. низ бо суханрониҳои пурмуҳтаво, бахусус, зикр карданашон дар мавриди бунёдгузории сохти президентӣ, хусусиятҳои институти президентӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои бомуваффақонаи вазифаю уҳдадориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Раванди барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ, бахусус ҷавонмардию шуҷоати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди мусолиҳаи миллӣ ва монанди инҳо нуктаҳои илмию воқеии таърихиро ёдоварӣ карданд.
Дар охир, муҳтарам Солеҳа Холмаҳмадзода вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаро бо таманниёти самимии зерин ҷамъбаст карданд: “Бори дигар, ҳамаи Шумо ҳозирини гиромӣ ва дар симои Шумо шаҳрвандони саросари кишвари азизамон ва бахусус, тамоми кормандони соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва аҳли хонаводаатонро ба ифтихори “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва солгарди Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ самимона табрик намуда, дар фазои сулҳу осоиштагӣ кору фаъолияти пурсамарро таманно менамоям”.