img
ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАК

 

Санаи 2 июни соли 2026 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба иҷрои банди 3 Нақшаи чорабиниҳои Комиссия оид ба амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» бахшида ба рӯзи 1 июн - Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак бо раисии муовини вазир Норзода Шариф Сангимурод ва дар ҳузури ҳайати васеи кормандони вазорат ва сохторҳои низоми он мизи мудаввар баргузор гардид.

 

Дар мизи мудаввар сармутахассиси Раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳо Баротова Дилафруз Нематуллоевна ва ходими пешбари илмии МД “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” Азимов Наимҷон баромад намуда, дар бораи як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, конвенсияҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳои байналмилалиро қабул намудааст, вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва танзими он, ҳуқуқҳои кӯдак, аз ҷумла дар самти истифодаи меҳнати кӯдакон қайд намуданд.

 

Зикр гардид, ки Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2024, №485 қабул шудааст, шароит фароҳам меорад, ки талаботи меъёрии давлатии ҳифзи меҳнат, муҳофизати ҳаёт ва саломатии кӯдакон дар ҷараёни муносибатҳои меҳнатӣ таъмин гардида, танзими масъалаҳои ҳифзи меҳнати онҳо тибқи нақшаҳои амалисозии Барнома ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ таҳти назорати доимӣ қарор гирад.

03.06.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ