img
ПАЁМИ САРВАРИ ДАВЛАТ – ЗАМИНАИ РУШДИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар нишони рушди бомарому босуботи давлати соҳибистиқлол маҳсуб меёбад. Яке аз самтҳои меҳварии Паёми имсолаи Сарвари давлатро масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ташкил медод. Аз рақамҳо ва далелҳои Паём бармеояд, ки дар натиҷаи татбиқи Барномаҳо ва Стратегияҳои давлатӣ раванди ба зиндагии шоиста расидани аҳолӣ бо маром идома дорад. Имрӯз дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ қарор дорад. Паёми имсолаи Пешвои муаззами  миллат ифодагари  ҳамин  хусусиятҳо мебошад. Метавон гуфт, ки масъалаи ҳифзи иҷтимоӣ аз ҷумлаи масъалаҳои калидии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Чуноне, ки Пешвои миллат таъкид намуданд: «Давлат ва Ҳукумати  Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст».

 

Тибқи моддаи 1 Конститутсия, Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар воқеъ дар сиёсати имрӯзаи кишвар татбиқи ин меъёри Конститутсиониро бо тамоми имконот амалӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар талош меварзанд. Ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии кишвар ироа мегардад. Заминаи ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар моддаи 70 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

Мусаллам аст, ки Паёми ҳарсолаи Сарвари давлат масъалаҳои муҳим ва асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро таҷҷассум намуда, хусусияти барномавӣ дошта, роҳ ва воситаҳои рушду нумӯи ҳама соҳаҳои кишварро мушаххас менамояд. Дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади барномавӣ ҳама самтҳои фаъолияти давлат аз қабили соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ рушд менамоянд. 

 

Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии кишвар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди таҳлил, натиҷагирӣ қарор гирифта, дурнамои рушди самтҳои мазкур масъалагузорӣ карда шуд. Яке аз соҳаҳои муҳимми самти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ин таъмини аҳолӣ ба шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ мебошад. Дар ин самт, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад ва дар ин ҷода минбаъд низ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд».

 

Дар Паём самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ муайян шудааст, ки заминаи ташаккули муносибатҳои иқтисоди бозорӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ мегардад. Вобаста ба ин, дар Паёми имсола Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «Оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххасро  роҳандозӣ намоянд», ки ин асоси рушди муносибатҳои меҳнатӣ ва таъмини ҷойҳои корӣ дар муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар мегардад.

 

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, яъне таъмин ва ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии кормандонро фаро мегирад. Вобаста ба ин, зикр гардид, ки «Ба шуғли расмӣ ҷалб кардани аҳолии қобили меҳнат, таъмин намудани кафолатҳои меҳнатии кормандон, баҳисобгирии дақиқи қувваи корӣ, тақвияти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва дар ин замина баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон масъалаҳои муҳимтарин дар ин самт мебошанд». Ҳамчунин, дар Паём вобаста ба дастгирии табақаҳои ҷудогонаи аҳолӣ таъкид гардид, ки «Ба масъалаи бо кор таъмин намудани хатмкунандагони марказҳои таълимӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи махсус, дар навбати аввал, ҷавонон, занон, маъюбон ва дигар гурӯҳҳои аҳолии ба дастгирии иҷтимоӣ эҳтиёҷманд бояд эътибори хосса дода шавад».

 

Аҳамияти дигари Паёми имсола аз он иборат аст, ки дар он масъалаи ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ ҷиҳати ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва дар навбати дигар таъсиси ҷойҳои нави корӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Чуноне, ки иброз шуд «Ҳоло дар кишвар дар самти ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, сохтмону азнавсозии иншооти энергетикиву нақлиётӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, тавсияи хизматрасониҳо, густариши ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муҳим тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд».

 

Бояд гуфт, ки дар Паём вобаста ба банақшагирӣ ва дурнамо дар соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ низ масъалагузорӣ гардидааст. Аз ҷумла, Пешвои миллат ба мақомотҳои дахлдор супориш доданд, ки «Ҷиҳати таъмин намудани самаранокии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд». Ҳамзамон, ҷиҳати ташаккули муносибатҳои меҳнатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ супориш дода шуд, ки «Барномаҳои давлатӣ, ҷиҳати дар панҷ соли оянда таъсис додани 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи корӣ ва дар ин раванд, баланд бардоштани нақши соҳибкории хурд, косибӣ ва ҳунарҳои мардумиро таъмин созанд».

 

Дигар маъсалаи муҳиме, ки дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба Маҷлиси олии кишвар ироа гардид – ин маъсалаи таъмини аҳолӣ ба шуғли пурмаҳсул буд. Пешвои миллат зикр намуданд, ки «Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои зиёди қувваи корӣ буда, афзоиши он дар давоми даҳ соли охир ду фоизи солона, яъне беш аз 880 ҳазор нафарро ташкил додааст. Ҳар сол дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар зиёда аз 200 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуда, беш аз 150 ҳазор нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба бозори меҳнат ворид мегарданд».

 

Ҳамин аст, ки сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар рӯз то рӯз хуб гаштаистода, дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои мушаххас андешида шудаистодааст.  Моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, ки «Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳуқуқ дорад. Музди кор аз ҳадди ақали музди меҳнат набояд кам бошад».

 

Дар ин самт низ Сарвари давлат иброз намуданд, ки «Аз ҷониби роҳбарони тамоми сохторҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳаллу фасли масъалаҳои ба танзим даровардани муносибатҳои меҳнатӣ, таъминоти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ, фаро гирифтан ба шуғли пурмаҳсул ва дигар кафолатҳои давлатии иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад».

 

Боиси сарфарозист, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамеша ва пайваста, дар зери таваҷҷуҳи давлат қарор мегирад. Чуноне дар Паёми имсола зикр гардид, боз аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда мешаванд.

 

Ҳамин тариқ, ҳамаи ин талошҳо барои фароҳам овардани шароите, ки коҳиш ва барҳам додани нобаробарӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, ҳамчунин баланд бардоштани амнияти моддиву молиявии шаҳрвандони кишвар ва некуаҳволии онҳо мебошад. Ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини имтиёзҳои иҷтимоии конститутсионии шаҳрвандон кӯшиш намуда, барои тақвияти модели давлати иҷтимоии муваффақ, қадам ба қадам пеш меравад.

 

Пеш аз ҳама, тибқи талаботи модели давлати иҷтимоӣ, ки Конститутсия ба ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ кафолат медиҳад, дар он шаҳрвандон ҳуқуқҳои бунёдии худро дарк мекунанд, барои рушди шахсияти ҳар як фард имконият фароҳам меояд ва ҳар як фард масъулияти шахсӣ ва иҷтимоии худро дар ҷомеа баҳри беҳбуди моддӣ ва маънавии худ мешиносад. Албатта, барои татбиқи сиёсати иҷтимоӣ, низоми сиёсии ҳар як давлат ҳадаф ва вазифаҳои худро доро мебошад. Ин буд, ки аз ҷониби давлат, коркарди барномаи барҳамзании камбизоатӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, ба таҳсил фаро гирифтани шаҳрвандон, аз хидмати тиббӣ баҳравар гардидани мардум, тадриҷан бо ҷои кор таъмин намудан ва ғайра ба роҳ монда шудааст. Яъне ҳадаф ва мароми ҳар як давлати мутамаддин пеш аз ҳама ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва дар навбати худ ҳифзи манфиатҳои ҳар як шаҳрванди кишвар ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам маънавӣ мебошад.

 

Қодирзода Далер Сайфулло – сардори шуъбаи

Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

25.12.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ