img
ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ Бахшида ба “РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

Дар ин муддат Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои сохтори мукаммали идорӣ, Ҳукумати фаъол, Артиши миллӣ, ҳокимияти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, рамзҳои давлатӣ, яъне Нишону Парчам ва дигар рукнҳои зарурии давлатдорӣ гардид. Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.16 ноябри соли 2012

 

Бо мурури замон ва гардиши айём парчам ҳамчун аз рамзҳои асосии давлатдорӣ мавқеъ ва моҳияти хоса дошта, озодӣ ва истиқлолияти давлатро бидуни он тасаввур кардан аз имкон берун аст. Дар таърихи тамаддун ва фарҳанги бою қадимаи давлатдории тоҷикон парчам ва парчамдорӣ таърихи ҷолибу тӯлонӣ дорад. Он дар осори хаттии қадима, асотир, сарчашмаҳои таърихию адабӣ, достон, қиссаву ривоятҳо, эҷодиёти шифоҳии мардум инъикос гардидааст.  Осори мутафаккирон, адибон, олимону муаррихон тавассути шоҳасари адабиёти ҷаҳонӣ -«Шоҳнома» то ба насли имрӯз расида,  тафсиргари олии парчаму парчамдорӣ, пирӯзиҳои ворисони Фаридун қаламдод  мешавад. Дар достони “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ  парчам асосан бо вожаи дирафш ифода ёфта, маънои  дирафшидан, дурахшидан, рӯшноӣ, ҷило доданро баён кардааст. Ҷилои рангҳои парчам (дирафш) чунин тасвир шудааст:

                                    Ҳаво сурху зарду кабуду бунафш,

                                      Зи тобидани ковиёнӣ дирафш.

       Ин асари пурарзиш ҳанӯз дар асрҳои қадим диққати наққошону рассомонро ба худ ҷалб намуда буд. Дар охири асри XV ба дастнависи “Шоҳнома” устоди машҳури миниётур -Муҳаммадмуроди Самарқандӣ лаҳзаи шӯриши Коваи оҳангарро, ки дар даст парчамҳо доштанд, тасвир намудааст. (Бобоҷон Ғафуров.”Тоҷикон”.Душанбе-2020.саҳ.567).

 

Роҷеъ ба хусусияти хоса ва таҳрикдиҳандаи парчам нишонаи далерӣ, тартибу низоми лашкар, дар сафи пеши набардҳо нигоҳ доштани он дар сарчашмаҳои таърихӣ ва адабии «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ, «Сиёсатнома», «Фатҳнома», минҷумла асари пурмоҷарову марғуби насрии «Самаки айёр» маълумоти ҷолиб оварда шудааст. Порчае аз қиссаи «Самаки айёр»-ро меорем, ки чӣ тавр муҳофизат шудани қалъа ва омодагӣ аз ҳуҷуми душман, ҳамчунин парчами бисёр бо рангҳои гуногун мисли гулҳои наврӯзӣ тасвир шудааст. «Ба зери болои қалъа тӯлу арз бозгирифта ва арродаву манҷаниқ ва алами бисёр аз ҳар гуна барпой карда ва бод андар аламҳо афтода, чун бӯстони наврӯзӣ». («Самаки айёр», Душанбе -2007, саҳ. 219).

 

Парчам дар осори адибони  гузаштагони мо бо  вожаҳои гуногун ифода ёфтааст. Чунончи, дар “ Шоҳнома” калимаи хуч чунин маънидод шудааст: хуч-матои нафиси сурхе, ки бар найза кунанду парчам созанд. Калимаи аждаҳо бо маънои аслии худ омада, инчунин маҷозан вожаи Заҳҳок, шамшер, асп ва дирафш-парчамро ифода кардааст:

                         

                             Падид омад он аждаҳофаш дирафш,

                             Шаби тираву рӯи гетӣ бунафш.

Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ( Москва-1969 ) калимаи алам ба маънои байрақ, ливо, дирафш, нишон, аломат, гурӯҳе аз лашкар, одамони зери як байрақ ва ғайра омадааст. Он бештар маънои маҷозӣ дошта, ба нур, ранг, рӯшноӣ ташбеҳ мешавад. Ҳангоми хондан ҷилою ҷилваи парчамро ба хубӣ эҳсос менамоем. Маҳз дар асарҳои худ адибон шукуҳ ва манзалати алам, парчамро бо сад гуна рангу тобиш ташбеҳ додаву васф намудаанд. Байте аз ғазали Абдураҳмони Ҷомӣ ба ин маънист:

 

                            Хисрави субҳ чун алам барзад,

                           Лашкари шомро ба ҳам барзад.

Бо соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар масъалаҳои муҳими иҷтимоию сиёсӣ зарурати қабули рамзҳои давлатӣ низ пеш омад. Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикист 21 ноябри соли 1992 ба рӯзномаи он масъалаи қабули рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчаму Нишон  низ ворид шуд. Баҳс атрофи рамзҳои давлатӣ тӯлонӣ ва ҷиддӣ сурат гирифт. Аз ин сабаб ба комиссияи масъул супориш дода шуд, ки намунаҳои пешниҳодшудаи Парчаму Нишони давлатӣ такмил дода шаванд. Дар маҷлиси бегоҳии Иҷлосия 24 ноябр депутатҳо муҳокимаи лоиҳаи Қонуни «Нишони давлатӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро идома доданд. Иҷлосия баъди мубодилаи афкор ва ба инобат гирифтани таклифу пешниҳодҳо дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро якдилона қабул карда, ба муносибати қабули рамзҳои нави давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти дахлдор дохил намуд.

 

Ҳамин тариқ, соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби аввалин рамзи давлатӣ ва соҳибистиқлолии худ –Парчами давлатӣ гардид. Аз миёни вожаҳои гуногун вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз вожаи қадимӣ ва тоҷикӣ –Парчамро интихоб ва қабул намуданд. Баъдан, 12 майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Боби дуюми қонуни мазкур «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ( моддаҳои 5 ва 6) ном дошта, дар он тартиби афрохтан ва ҷойгиркунии тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст. Аз ҷумла, дар банди 2 моддаи 5-уми қонун муқаррар шудааст, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчунин дар ҷойҳои истироҳатии шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо ба сифати рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохтан мумкин аст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо арзи эҳтиром Парчами давлатиро истифода намоянд. Парчами давлатӣ  дар ҳавопаймо, чархболҳо ва киштиҳое, ки дар қайди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, низ ҷойгир  карда мешавад.

 

Он аз муҳимтарин муқаддасоти давлати мост. Борҳо шоҳиди лаҳзаҳои ҳаяҷонбахшу пурифтихор ва муассир ҳастем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои садоқат ба халқу Ватан, хизмати фидокорона ба мардум савганд ёд карда, сари таъзим ба Парчами давлатӣ фуруд оварда, бо эҳтирому эътиқод онро бӯсида, ба чашм молидаанд.

Дар арафаи таҷлили 20 -умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ  30 августи  соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баландии 165 метр расман ифтитоҳ гардид. Он дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, мусобиқаҳои варзишӣ низ барафрохта мешавад ва рамзи соҳибихтиёрию соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба оламиён муаррифӣ менамояд.

 

Профессор Абдулҳамид Қаюмов зери Парчами Тоҷикистон   дар Антарктида акс ёфтааст.

 

        Воқеан, Парчами давлатии Тоҷикистон дар қитъаи шашуми сармо-Антарктида низ ҷило додаву мустақар аст. Доктори илми тиб, профессор Абдулҳамид Қаюмов нахустин иштирокчии экспедитсияи илмӣ аз Тоҷикистон  дар доираи гузарондани “Соли байналмилалии қутбӣ-2007-2008 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “бо дастгирии экспедитсияи 54 -уми антарктидии Федератсияи Россия тавассути киштии “Академик Фёдоров” пас аз 60 рӯзи шино ба Антарктида мерасад. Профессор Абдулҳамид Қаюмов ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқия фиристода, аз оғози корҳои илмӣ ва 6 январи соли 2009 таври расмӣ дар қитъаи Антарктида бардоштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузориш додааст. Кори илмии профессор Абдулҳамид Қаюмов ба фаъолияти инсон, мутобиқшавии он дар шароити ниҳоят шадиди иқлимӣ марбут мебошад. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон аз ҷумлаи давлатҳоест, ки дар Антарктида расман сабти ном  шудааст. Пиряхҳои Тоҷикистон бо хусусиятҳои табии худ шабеҳи иқлими Антарктида буда, мавриди таҳқиқу омӯзиши олимону муҳақиқони ватанию хориҷӣ қарор доранд.

   Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд”.

     Эҳтироми волои  Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ  ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

     Дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба онҳо беҳурматӣ  зоҳир  нагардад”.    

 

 

Аъзам Мӯсоев,

Корманди шоистаи Тоҷикистон, ходими калони илмии шуъбаи ҳифзи меҳнати

Муассисаи давлатии  “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”.

 

            

 

20.11.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ