img
ВОХӮРИИ НАМОЯНДАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

16 уми майи соли 2025 дар асоси Нақша-чорабиниҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2025 бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва донишҳои зиддикоррусионии кормандон вохурӣ баргузор гардид.

 

 Дар вохурӣ муовинони вазири меҳнат, муҳоҷират ва  шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурализода А., Норзода Ш., кормандони дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарият  ва кормандони Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Хадамоти муҳоҷират  иштирок намуданд.

 

Аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарнозири раёсати мубориза бо коррупсияи ниҳоди мазкур Раҳмонзода Фаромарз иштирок ва доир ба мавзуи “Мубориза бо коррупсия ва пешгирии ҳолатҳои ба он мусоидаткунанда” маърӯза намуда, ба саволҳои иштирокчиён посух дод.

 

 Дар маърӯза ҳолатҳои гуногуни даст задан бо коррупсия ва оқибатҳои он, пешгирии ҳолатҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, аз ҷумла зимни интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, баргузор намудани озмунҳои ишғоли мансабҳои холии хизмати давлатӣ, ҳамчунин хатарҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, хурофотпарастӣ ва дигар амалҳои номатлуб фаҳмонида шуд.

 

16.05.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ