img
ХОНИШИ ИДОРАВӢ ДАР МАВЗУИ "ШАРҲИ КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Имрӯз 15 уми августи соли равон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи кормандон ҳамоиш дар мавзуи "Шарҳи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор гардид.

 

Вобаста ба масъалаи мазкур, заминаҳои ҳуқуқӣ ва мубрами дар низоми хизмати давлатӣ ҷорӣ намудани меъёрҳои одоб корманди Раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳо – Маллаева Шахрбону баромад карда, иброз намуд, ки қабул ва татбиқу риояи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти давлатӣ фазои солимро ба вуҷуд оварда, идоракунии самаранок таъмин мегардад. Мавсуф дар бораи таҷрибаи байналмилал оид ба меъёрҳои одоб, марҳилаҳои таҳия ва қабули Кодекси одоби хизматчии давлатӣ (солҳои 2004, 2010 ва 2015), принсипҳо, уҳдадориҳои хизматчии давлатӣ, тартиби риояи онҳо, шарҳи мафҳумҳои интизоми давлатӣ ва хизматӣ, инчунин механизми назорати ҷараёни татбиқи Кодекс, вазифаҳои роҳбари мақомот ҷиҳати андешидани тадбирҳои татбиқи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва дигар паҳлуҳои ин падида ибрози назар карда, ҳозиринро дар робита ба таъкиду ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиш ва риояи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ даъват намуд.

 

Инчунин, қайд карда шуд, ки дар Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳумҳо аз қабили садоқат ба Ватан ва ба халқи Тоҷикистон, инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ, шаффофият дар хизмати давлатӣ, таҳаммулпазирӣ, поквиҷдонӣ ва беғаразӣ шарҳу тавзеҳи худро ёфтааст.

15.08.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ