img
ВОХӮРӢ БО ДИРЕКТОРИ МАСЪАЛАҲОИ СОЗМОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲОҶИРАТ ВА МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ОЛМОН



Вазир Солеҳа Холмаҳмадзода дар доирпи иштирок дар форум бо директори масъалаҳои Созмони Милали Муттаҳид ва мубориза бо терроризми Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷаноби Лауди мулоқот намуда, ёдовар шуд, ки муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон аз соли 1992 инҷониб дар асоси эътимоди мутақобила ва муколамаи созанда пайваста рушд меёбанд.



Ӯ саҳми ҷониби Олмон, бахусус Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ)-ро дар дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки ҳамкории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ниҳод дар заминаи Созишнома оид ба ҳамкории техникӣ аз 27 марти соли 2003 амалӣ мегардад. Дар доираи ин ҳамкорӣ як қатор лоиҳаҳои муваффақ дар соҳаҳои шуғл, муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳсилоти касбӣ ва рушди малакаҳо татбиқ шудаанд.



Ҷонибҳо аз натиҷаи сафарҳои ҳайатҳои ҳарду ҷониб ба Олмон ва Тоҷикистон, инчунин ба имзо расидани ёддоштҳои тафоҳум ёдовар шуда, ҷиҳати амалӣ гардидани муқаррароти ин санадҳо, ки имкониятҳои иловагиро барои рушди сармояи инсонӣ ва мутобиқ намудани бозори меҳнат ба талаботи муосир фароҳам меоранд, изҳори умедворӣ карданд.  Дар рафти мулоқот ҳамчун самтҳои ояндадори ҳамкорӣ густариши барномаҳои таҳсилоти касбӣ ва дуалӣ, рушди омӯзиши забон, дастгирии малакаҳои «сабз» ва такмили механизмҳои муҳоҷирати муташаккили меҳнатӣ муайян гардиданд.

11.05.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ