Санаи 15 майи соли 2025 дар ҳошияи баргузории Форуми XVI байналмилалии иқтисодии "Русия - ҷаҳони ислом: КАЗАНФОРУМ" боздиди Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа аз Минтақаи махсуси иқтисодии «Алабуга»-и Ҷумҳурии Тотористон сурат гирифт.
Минтақаи махсуси иқтисодии “Алабуга” дар шаҳри Елабугаи Ҷумҳурии Тотористон ҷойгир буда, то ба имрӯз дар ҳудудҳои баистифодадодашудаи он зиёда аз 42 корхонаҳои пешрафта ва машҳури истеҳсолии Федератсияи Россия, давлатҳои Араб, Туркия, Чин, Фаронса, Олмон, Қазоқистон ва ғайра бунёд гардидааст. Ба ҳолати имрӯза дар корхонаҳои бунёдгардида ва бунёдшаванда зиёда аз 18 000 нафар корманд бо ҷойи кори доимӣ таъмин буда, танҳо барои бунёду сохтмони инфраструктураи минбаъдаи он дар соли 2025 ҳазорҳо нафар норасоии қувваи корӣ дида мешавад.
Гирду атрофи ҳар як корхона, даромадгоҳҳо, макони истиқоматии кормандон ва бинои хобгоҳҳо аз лиҳози бехатарӣ муҷаҳҳаз буда, вуруд ва хуруҷ тариқи “FACЕ ID” сурат мегирад ва воридшавии шахси бегона ғайриимкон мебошад. Хобгоҳҳои коргарону донишҷӯён тибқи талаботи санитариву беҳдоштӣ таъмин буда, дар ҳудудӣ минтақа ва комплексҳои истиқоматӣ, майдончаҳои гуногуни варзишӣ ва бозиҳои компютерӣ ташкил гардидааст, ки кормандону донишҷўён ва истиқоматкунандагон дар вақтҳои фориғ аз кор бо навбат ба бозиҳои варзишӣ машғул мешаванд.
Зимни боздид бо донишҷӯён ва муҳоҷири меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин минтақа таълим ва кору фаъолият менамоянд, суҳбат гузаронида шуда, бо шароити кору таҳсил шиноси гузаронида шуд. Дар рафти суҳбат шаҳрвандони мо аз шарту шароити таҳсил, кор, будубош, муносибату рафтори роҳбарияти минтақа изҳори қаноатмандӣ намуданд. Дар идома шиносоӣ бо Барномаи “Алабуга Старт” ва “Алабуга Политех”, ки шарики асосии инфрасохтории байналмилалии ҶС “Алабуга” ба ҳисоб меравад, сурат гирифт. Бояд қайд кард, ки Барномаи мазкур масъули ҷалб ба кор ва таҳсили ҷавонписарону духтарони синни 16 - 22 сола аз рўйи ихтисосҳои идоракунии сифати маҳсулот, иқтисодчӣ, ҳуқуқшинос, пешбурди тиҷорату хизматрасонӣ, тиҷорат дар соҳаи меҳмонхона ва ғайра мебошад.