img
ТАВАҶҶУҲ БА ҶАВОНОН БОЯД БЕШТАР БОШАД

Боиси хушнудиву фараҳмандист, ки солҳои охир Рӯзи ҷавонон дар кишвари азизамон бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.  Доир ба ин ҷашни фархунда, аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату кумитаҳои дахлдор ҳар гуна конфронс, семинар, мизи мудаввару фестивалҳо ва дигар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ баргузор карда мешаванд. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки таваҷҷуҳ ба ин насли хуштолеъ аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле зиёд аст.

 

Дар ҳақиқат чунин ғамхориву таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии кишвар аст, ки имрӯзҳо дар самти баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, фароҳам сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ ва ба ҷойи кори доимӣ таъмин кардани онҳо тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.

 

Ё ин ки бо мақсади боз ҳам фаъол гардонидани нақши фаъолияти ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа зиёда аз даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул карда шуд, ки он барои муттаҳид намудани ҷавонон, ҳимояи марзу буми Тоҷикистон, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагию бунёдкории онҳо роҳи боз ҳам васеъ кушодааст.

 

Ҳамзамон, бо мақсади дар амал татбиқ намудани қонуну барномаҳои ба самти ҷавонон бахшида шуда, давра ба давра, яъне, панҷ маротиба “Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон”, се маротиба “Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон”, ду маротиба “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 “Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд.

 

Ҳамаи ин ба хотири дастгирии ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии ҷавонон ва ояндаи дурахшони онҳо равона карда шудааст.  Таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат нисбат ба ҷавонон имрӯз ба  яке аз масъалаи рӯзмарра ва ҷолиби диққат арзёбӣ мешавад, чунки имрӯзу фардои ҷомеаи мутараққӣ ва рушду инкишофи он аз ҷавонон вобастагии зиёд дорад.

 

Мусаллам ба зикр аст, ки то имрӯз ҳар як ибтикори созандаи ҷавононро дастгирӣ менамоянд ва фаъолияти ватандӯстонаву босамари онҳоро ҳамеша қадр мекунанд.  Чунин ғамхориву таваҷҷуҳи ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки имрӯзҳо фаъолияти ҷавонон миёни аҳли ҷомеа торафт рушду тақвият ёфта, онҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҷамъиятӣ ва ғайраи мамлакат иштироки фаъолона намуда, тарафдории самимонаву ватанпарастонаи худро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон бо кору рафтори пешқадамонаи худ собит сохта истодаанд.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ бо ифтихор гуфтаанд: “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар - Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.

 

Дар воқеъ имрӯз ҷавонони Ватани азизамон ҷавонони ташабускор ва созанда буда, бо дар назардошти ин ҳама ғамхориву таваҷҷуҳи Роҳбарияти олӣ, ҷавонон низ ҳам дар роҳи илм, ҳам дар роҳи варзиш ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланди дохилию беруна саҳми сазовор мегузоранд ва парчаму номи Тоҷикистони азизамонро дар сатҳи байналмилалӣ баланд бардошта истодаанд, ки ин боиси таҳсину шодмонист. Ҳарчанд такрор ҳам шавад, бояд гуфт, ки мояи ифтихор ва фараҳмандист, ки Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон, зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро дар меҳвари сиёсати худ қарор дошта, барои дастгирии онҳо тамоми чораҳои зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

 

Аз ҷумла, бо дастгириҳои Роҳбари давлат ва роҳбарони муассисаҳои гуногун ҷавонони донишманд дастгирӣ ёфта, бо ҷойҳои кории хуб таъмин шуда истодаанд, ки ин ҳам боиси хушнудию ба пешравии ҷавонон мусоидат мекунад. Масалан, имрӯз дар кишвар 18260 нафар хизматчии давлатӣ кор мекунанд, аз ин дар  8765 нафарашро ҷавонони то 35 сола ташкил медиҳад. Инчунин, бо дастгирӣ, таваҷҷуҳ ва ғамхории Роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷавонон ба кор таъмин карда шуда истодаанд.

 

Барои ба кор таъмин кардан ва ҷалби бештари ҷавонони ба кор аз тарафи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳар гуна ярмаркаҳои ҷойи кории холӣ ва дигар чорабиниҳо вобаста ба он гузаронида мешавад. Боиси қаноатмандист, ки зимни гузаронидани чунин амалҳои нек аз тарафи вазорат ҳазорҳо ҷавонон ба ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд ва бештарашон барои омӯхтани касб ба курсҳои кӯтоҳмуддат ҷалб карда шуданд.

 

Ҳамзамон, зери роҳбарии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Гулнора Ҳасанзода ҷалби мутахассисони ҷавон ба вазорат зиёд шуда истодааст.  Имрӯз дар дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 42 нафар ҷавонони то 35 сола кору фаъолият мекунанд, ки ин худ боиси қаноатмандӣ ва ифтихор аст.

 

Аммо Роҳбарияти вазорат ба шумора нигоҳ накарда, кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки сафи мутахассисони ҷавонро дар вазорат зиёд намояд. Дар баробари ин, тамоми қувваи худро барои ба кори доимӣ таъмин кардани аҳолии кишвар, махсусан ҷавонон сарфа намуда истодааст, чунки меҳнати содиқона кардан ба Ватан ин ватандӯстӣ ва меҳанпарастии ҷавононро зиёд карда, ҳар як ҷавони бонангу номуси кишварро ба омӯзиши илму дониш, ва аз худ намудани касбу ҳунар раҳсипор менамояд. Дар замони муосир ҳама баҳри пешрафту комёбиҳои нав ба нав мекӯшад, то ба як ҷоддае бо муваффақият расад.

 

Мо набояд фаромӯш созем, ки асри ХХ1 асри пешравию илму техника ба ҳисоб меравад, ки дар ин ҷабҳа танҳо он шахс, ҷомеа ва ё давлате муваффақ аст, ки захираи бойи кадрӣ ва мутахассисони сатҳи воло дорад. Инро ба инобат гирифта, имрӯз ҷавонони мамкалатро мебояд, ки қишри аз ҳама фаъоли ҷомеа бошанд, ташаббусҳои бунёдкоронаю созандаи Пешвои миллат ва даврони истиқлолро бо як ҳисси баланди меҳанпарастӣ ҳифз намуда, дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар бо дасту дили гарм ва неруи созанда қадр намоянд ва зарур аст, ки ҷиҳати омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар машғул гарданд, таърихи сипаригаштаи халқи худро, ки пур аз шебу фароз аст донанд, ба арзишҳои таърихию фарҳангии миллат арҷгузор бошанд, арзиши ин миллати тамаддунофарро аз ҳама чиз қиммат донанд ва дар умум худшиносу худогоҳ бошанд.

 

Донишмандону ҷомеашиносон бар он назаранд, ки таърихи тамаддун ва дастовардҳои арзандаи кишварҳои абарқудрату мутамаддин собит менамояд, ки омӯзондани насли ҷавон, фароҳам овардани имконоти ташаккулёбӣ ва муҳайё намудани омилҳое, ки ба рушди зеҳнию ҷисмонии онҳо замина мегузорад, асоси рушду пешрафти ҳар кишвар маҳсуб меёбад.  Аз баски насли ҷавон ба сифати як неруи пуриқтидори бунёдкору пешбаранда эътироф шудааст, мақоми сиёсиву иҷтимоии он низ на фақат неруи демократи давлатҳо, балки хусусиятҳои таҳавулот, стратегияи тарақиёт ва ояндаи кишварҳо риоя мекунад.

 

Вобаста ба ин Ҳукумати мамлакатро лозим аст, ки таваҷҷуҳи худро ба ин қишри осебпазири ҷомеа, яъне, ҷавонон боз ҳам зиёд намояд, чунки дар ҷаҳони муосир ва глобализатсия равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмуъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд, алалхусус ба насли ҷавон.  Мо набояд фаромӯш созем, ки имрӯзу фардо ва пасфардои Ватани азиз дар дасти ҷавонони ватанпарвар аст ва суботкорону ояндасозон аст.

 

 

 

                             Тимерова Шаҳринисо

Мутахассиси пешбари

Шуъбаи ҳифзи меҳнат ва шарики иҷтимоии

Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи  зиндагии аҳолӣ

 

 

 

 

21.05.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ