Санаи 14 марти соли ҷорӣ дар дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши идоравӣ бо иштироки васеи кормандони дастгоҳи марказӣ доир гардида, мутахассиси пешбари Раёсати робитаҳои байналмилалӣ Гулямов Меҳроҷ Пулодович оид ба танзими сафарҳои хориҷии хизматчиёни давлатӣ тариқи рӯнамо баромад намуд.
Зимни баромад муҳтавои талаботи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2020, №АП-1377 “Дар бораи танзими сафарҳои хориҷии хизматчиёни давлатӣ” ва дигар санадҳои амалкунанда дар ин самт манзур гардида, таваҷҷуҳи иштирокдорон ба риояи ҳатмии тартиб ва талаботҳои дар санадҳои мазкур дарҷгардида, одоби хизматчии давлатӣ, масъулиятнокию кордонӣ ва ҳисси баланди ватандустӣ, инчунин ҳуқуқу уҳдадориҳо ҳангоми анҷом додани сафарҳои хориҷӣ ва бозгашт ҷалб карда шуд. Дар фарҷоми омӯзиши идоравӣ саволу ҷавоб сурат гирифта, ҳозирин вобаста ба танзими сафарҳои хориҷии хизматчиёни давлатӣ маълумоти бештар пайдо карданд.