Ба ифтихори 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҲОМИИ КОНСТИТУТСИЯ
Қабули Конститутсия ва ҷорӣ шудани идораи президентӣ тариқи раъйпурсии умумихалқӣ дар як рӯз сурат гирифт, ки он ба 6 ноябри соли 1994 рост меояд. Конститутсия, агар кишвари моро ба ҷаҳониён чун давлати мустақили сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намояд, пас Президент ҳомии Конститутсия ба шумор меравад.
Масъалаи қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебоист давраи аввали ба даст овардани истиқлолият, яъне соли 1991 баррасӣ мегашт, аммо вазъи ноором барои анҷоми ин кор имкон надод. Дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи нави конститутсионӣ таъсис дода шуда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии онро ба зима доштанд. Ҳамин тариқ, Иҷлосия дар самти ислоҳоти конститутсионӣ саҳифаи нав кушод.
Моҳи ноябри соли 1993 аз ҷониби комиссия ва гурӯҳи корӣ ин масъала баррасӣ ва давоми шаш моҳ ду лоиҳаи нави Конститутсия омода гашт, ки ҳар кадоме як намуди идораи давлатӣ - парламентӣ ва президентиро дарбар мегирифт. Комиссия шакли идораи президентиро пазируфта, лоиҳаи омодашударо ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод кард. Ба гурӯҳи кории таҳияи лоиҳаи Конститутсия 8,5 ҳазор пешниҳоду таклифҳо расиданд. Ҳамаи таклифу дархостҳо аз назари аъзои комиссияи корӣ дур намонд. Лоиҳаи Конститутсия аз 100 модда иборат буда, ба 50 моддаи он дар асоси фикру мулоҳизаҳо таѓйиру иловаҳо ворид гашт. Воқеан, мақсади ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳоди лоиҳа низ аз ҳамин иборат буд. 20 июли соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳоди лоиҳаи нави Конститутсияро эълон намуд.
Ҳамин тариқ, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Дар моддаи якуми Конститутсия эълон шудааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”. Тавре дар моддаи 5 Конститутсия омадааст: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд”. Аз ин ҷиҳат, 34 модда, яъне сеяки моддаҳои Конститутсия масъалаи мазкурро дарбар гирифтааст.
Пас аз қабули Конститутсия ва интихоби Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идораи президентӣ ҷорӣ шуд. Конститутсия агар кишвари моро ба ҷаҳониён ҳамчун давлати мустақил, дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ, дунявию ягона эътироф намояд, Президент ҳомии Конститутсия ба шумор меравад. Дар моддаи 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: ”Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад”.
Идораи президентӣ дар давраи мураккабу харобиовари кишвар қабул гашт. Аз ин сабаб, кишвар воқеан ҳам ба идораи мустаҳкаму қавии президентӣ ниёз дошт. Ҳаёти минбаъда собит сохт, ки идораи президентӣ созгор ва мувофиқ ба авзои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа буд. Вазъи номураккаби ҳамонвақта дахолат, амал ва ҳалли фаврӣ, айни замон оқилонаро талаб мекард. Дар чунин ҳолат бо истифода аз ваколату салоҳияти конститутсионӣ идораи президентӣ қодир аст масъалаҳои ҳаётан муҳиму актуалиро ҳал намояд.
Қабули Конститутсия ва интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи ҷомеаи навини тоҷикон мавқеи хоса доранд. Ба ин рӯйдод Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Иҷлосияи 21-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ( 16 ноябри соли 1994) чунин баҳо медиҳанд: ”Мардуми Тоҷикистон аввалин бор санади ҳуқуқиеро қабул намуд, ки он манфиати тамоми халқҳои сокини Тоҷикистонро ифода мекунад.
Агар 16 ноябри соли 1992 ва сессияи 16-уми Шӯрои Олӣ ҳамчун ибтидои барқароркунии давлати қонунӣ ва сохти конститутсионӣ дар таърихи Ватанамон ҷойи сазовори худро соҳиб шуда бошад, пас 6 ва 16 ноябри соли ҷорӣ ва сессияи имрӯзаи Шӯрои Олӣ дар таърихи навтарин ҳамчун Рӯзи қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлол ва зуҳуроти ягонагии миллатҳои давлатамон абадӣ боқӣ хоҳад монд”.
Бо идораи президентӣ ба муноқишаҳои сиёсӣ хотима гузошта, фаъолияти борабту низом ва устувори давлатдорӣ роҳандозӣ шуд. Дар ҳалли чунин мушкилот ва хатарзо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муассир ва асосӣ дошта, бо амалу муносибати ҷавонмардона дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахсияти барҷаста шинохтаву эътироф гардидааст.
Конститутсия яке аз заминаҳои асосии пойдории давлатдории мо ба шумор меравад. Он вобаста ба пешравии иқтисодӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ такмил дода мешавад ва дар ин робита Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон менамоянд: “Такмили Конститутсия ба мо имкон дод. дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии обруву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои боз ҳам устувор гузорем”.
Ҳангоми қабули Конститутсия, яъне то 6 ноябри соли 1994, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои як палата буда, шакли асосии фаъолияти он Иҷлосия ба шумор мерафт. Иҷлосия соле на камтар аз ду бор даъват мешуд. 26 сентябри соли 1999 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия таѓйиру иловаҳо ворид карда шуд. Аз ҳама бештар таѓйиру иловаҳо ба боби сеюми Конститутсия, ки фаъолияти парламентро ба танзим медаровард, ворид гардид. Аз ҷумла, мафҳуми Парламент бори нахуст дар Конститутсия тавассути ҳамин таѓйиру иловаҳо истифода шуд. Мафҳуми Маҷлиси Олӣ ва Парламент ҳаммаъно нишон дода шудааст. Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду палата-Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул ва ба он 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ таѓйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
Риояи меъёру талаботи Конститутсия ва тарбияи худшиносии ҷомеа хеле муҳим буда, барои баланд бардоштани фарҳанги конститутсионӣ ва маърифати ҳуқуқӣ амри зарурист. Дар ин робита, эълон шудани “ 2024- Соли маърифати ҳуқуқӣ” хеле саривақтӣ ва ба мақсад мувофиқ мебошад.
Тӯли ин солҳо Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ ояндаи пешрафту тараққиёти давлатро муайян сохта, муҳимтарин принсипҳои демократии аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшударо таҷассум кардааст.
Аъзам Мӯсоев,
Корманди шоистаи Тоҷикистон,
ходими илмии шуъбаи ҳифзи меҳнати
МД “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолӣ”
Сомонаҳои мақомоти давлатӣ