“КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАХТНОМАИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ”
Ҳанӯз 30 сол муқаддам, санаи 6-уми ноябри соли 1994 мардуми тамаддунофару фарҳангсолор, заҳматқарину шарафманди тоҷик аввалин маротиба аз тариқи райъпурсии умумихалқӣ барои муайян кардани сарнавишти худ ва комёб шудан ба саодату хушбахтӣ ба тарафдории Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз доданд. Ҳамакнун аз лаҳзаи қабули ин ҳуҷҷати муҳими таърихиву санади олии сарнавиштсоз 30 сол сипарӣ гашт.
Аслан, тавре ки таърихи пайдоиш ва рушди давлатҳои мутамаддин ва таҷрибаи конститутсионализми дунё нишон медиҳад, қабули Конститутсия бо дарназардошти рушди бемайлони муносибатҳои ҷамъиятӣ, ба вуқуъ пайвастани таҳаввулоти азим ва дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа иттифоқ афтода, дастоварду музаффариятҳои давраи муайяни таърихии рушди ҷомеа ва давлатро дар худ инъикос намуда, дурнамои пешрафти онро муайян менамояд.
Конститутсия барои ҳар як давлат, миллат ва халқ ҳуҷҷати муҳим, асосӣ, тақдирсоз ва дар умум қонуне ба ҳисоб меравад, ки дар он тамоми рукнҳои давлатдорӣ ва рушду инкишофи ояндаи давлату миллат муайян карда мешавад. Аз ин рӯ, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 давлату ҳукумат зарур шуморид, ки дар мадди аввал бояд Конститутсияи навро қабул намояд ва ҳамин тавр ҳам шуд.
Бояд қайд намуд, Конститутсияи мазкур асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти олии қонунгузорӣ, иҷроия, судӣ, самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии давлат ва ғайраҳоро муайян намуда, танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ мебошад.
Бо тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмуну моҳияти ба худ хосро дорад, зеро тибқи моддаи 6-уми Конститутсия, халқи Тоҷикистон баёнгари соҳибихтиёрӣ мебошад. Соҳибихтиёрии миллат чун пурраҳокимиятии миллат, имкони иштироки миллат дар ҳалли масъалаи муайян намудани шакли ҳаёти хеш, амалӣ намудани ҳуқуқ ба худмуайянсозӣ ва ташкили давлати миллии хеш арзёбӣ мешавад.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии низоми сиёсии навъи кушод ва демократӣ пешбинӣ шудааст, аз ҷумла гуногунии сиёсӣ дар заминаи гуногунии мафкуравӣ, ташкилу фаъолияти озоди ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандон, низоми сиёсии бисёрҳизбӣ эълон мешавад.
Дар баробари ин метавон гуфт, ки ҷомеаи адолатпарвар, давлати ҳуқуқбунёди иҷтимоӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии ҷомеа дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд. Илова ба ин, бузургии Конститутсияи ҳоло амалкунанда дар он аст, ки мафҳум ва фаҳмиши соҳибихтиёрӣ ва Истиқлолият дар дебоча, моддаҳои 1,6,7,10,11,43,46,100 ва дигар банду қисмҳои моддаҳои дахлдори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам шудааст, ки ин масъала дар Конститутсияи солҳои 1929, 1931, 1936 ва 1978 дар ин сатҳу мазмун пешбинӣ нагардида буд. Ин гувоҳи аҳамияти аввалиндараҷа доштани соҳибихтиёрӣ ва Истиқлолият барои ҷомеа, миллат, халқ ва давлат мебошад.
Аз ҷумла дар қисми аввали моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ибораи Ҷумҳури Тоҷикистон “давлати соҳибихтиёр” омадааст. Тибқи моддаи 100-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомият арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд. Ин муқаррароти Конститутсия аз мустақилият ва соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад.
Дар он таъкид мешавад, ки шакли идоракунии давлат, ҳудуди Тоҷикистон, моҳияти демократию ҳуқуқбунёдӣ ва иҷтимоии давлат, ки аломатҳои аввалиндараҷаи давлати соҳибихтиёр мебошанд, тағйирнопазиранд. Табиист, ки Конститутсия санади шахшуда нест ва бо мурури пешрафти муносибатҳои ҷамъияти бояд ба набзи ҷомеа созгор карда шавад. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии давлат, тавре ки таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, як одати маъмул ва раванди табиист. Аз ҷумла, 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо роҳи гузаронидани райъпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд.
Дар заминаи амалишавии ислоҳоти конститутсионӣ аз 26 сентябри соли 1999 дар роҳи устувор гардонидани пояҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд қадами устувор гузошта шуд. Дар заминаи ин тағйиротҳо дар Ҷумҳури Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ иборат аз ду маҷлис – Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон муҳлати ваколати Президент аз 5 ба 7 сол барои як муҳлат иваз шуд, ба ҳизбҳои хусусияти динӣ, атеистӣ ва демократидошта иҷозати фаъолият дода шуд, салоҳияти Президент, тартиби таъин ва озод кардани судяҳо ва инчунин тартиби таъин намудани райъпурсӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсия мушаххас гардонида шуд.
Маротибаи дуюм дар асоси пешниҳоди аъзои Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси Намояндагон райъпурсии умумихалқӣ дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия 22 июни соли 2003 сурат гирифт. Тағйиру иловаҳои мазкур ба мақсади такмили минбаъдаи низоми сиёсӣ ва давлатии кишвар, амиқ гардонидани унсурҳои демократӣ дар ҷомеа, такмили тартиби таъмини кафолатҳои ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани асосҳои конститутсионии инкишофи минбаъдаи иқтисодӣ, фарҳангию сиёсӣ, ки дар таъмини суботу оромии баргаштнопазири ҷумҳурӣ ифода меёфтанд, нигаронида шуда буд. Аксарияти тағйиротҳо хусусияти таҳрирӣ доштанд ва ба 54 модда тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Аз ҷумла, инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шуданд, ваколати Президент барои ду муҳлат муайян карда шуд, муҳлати ваколати судяҳо то 10 сол дароз карда шуда синни ниҳоии номзадҳои ба вазифаи судягӣ пешниҳодшаванда 65 сол муқаррар гардид, талаботҳо нисбати номзад ба Президент, аъзои Маҷлиси Миллӣ ва вакили Маҷлиси Намояндагон мушаххас карда шуданд.
Тағйиротҳои руйи кор омада дар воқеъ ҷиҳати ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани қонунгузории миллии кишвар мусоидат намуда, дар самти рушди минбаъдаи низоми судӣ ва ҳокимияти судӣ дар кишвар шароити арзандаро фароҳам оварданд.
Маротибаи сеюм тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2016 бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ ворид карда шуданд. Лоиҳаи тағйиру иловаҳо аз суйи аъзои Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси Намояндагон пешниҳод гардид. Мазмуну моҳияти тағйироту иловаҳоро ба Қонуни асосии кишвар, пеш аз ҳама таъмини рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа; баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагонии мардум; мусоидат намудан ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояи ҳифзи онҳо; таҳкиму такмили асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, рукнҳои асосии он, мукаммалу самаранок гардонидани низоми мақомоти давлатӣ; мутобиқ гардонидани низоми матни Конститутсия ба қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ ва истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ташкил медоданд. Тағйиру иловаҳои воридшуда ба ғайр аз бобҳои ҳафтум ва даҳум боқӣ тамоми бобҳои дахлдори Конститутсияро фаро гирифтанд.
Ҳамин тариқ, шоистаи таъкид аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як марҳилаи бисёр ҳассос ва тақдирсоз барои сарнавишти мардуми Тоҷикистон бо ташаббусу роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва бо вуҷуди авзои ноороми давр аз ҷониби шаҳрвандони бо нангу номуси мамлакат бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ қабул карда шуд.
Шояд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи аввал барои бисёриҳо ҳамчун як санади муқаррарии ҳуқуқӣ иборат аз 10 бобу 100 модда ба назар расад, вале эътироф бояд кард, ки ҳар як ҷумла, ибора, калима ва меъёрҳои он мазмуну маънои ниҳоят фаррох дошта, дар ҷойи хушку холӣ ба вуҷуд наомадаанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар худ орзуву омол, ҳуввияти миллии мардуми сарбаланди тоҷикро инъикос намуда, таҷассумгари фарҳангу анъана ва роҳи пуршебу фарози беш аз ҳазорсола тайнамудаи халқи тоҷик мебошад.
Риоя, эҳтиром ва ҳифзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки боиси ба саодат ва хушбахтӣ расидани миллати тоҷик гаштааст, бояд ба одати ҳаррӯзаи ҳар як сокини мамлакат табдил ёбад. Шарафмандам, ки дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахш тамоми ҳамватанони азизамро ба ҷашни пуршукӯҳи 30-юмин солгарди қабули муқаддастарин ва арзишмандтарин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқии кишвар - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, барояшон саломативу сарбаландӣ, ободиву осоиш, хушҳоливу хушрӯзӣ ва ба Тоҷикистони азиз пешрафту инкишофро орзумандам.
Холмадзода Фарзона Файзимад
Мутахассиси Раёсати ҳуқуқ ва
сиёсати кадрҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва
шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаҳои мақомоти давлатӣ