Тавре қаблан иттилоъ дода будем, ҳайати Ҷумҳурии Федеративии Олмон таҳти роҳбарии котиби давлатии Вазорати корҳои иқтисод, рушди минтақавӣ ва энергетикаи музофоти федералии Бавария Тобиас Готтҳардт дар шаҳри Душанбе қарор дошта, санаи 1 май дар доираи сафари кории худ аз Хадамоти муҳоҷират, Муассисаи давлатии «Маркази машваратии омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Душанбе» ва филиали Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир» дар ноҳияи Шоҳмансур боздид ба амал оварданд.
Зимни боздиди мазкур меҳмононро муовини вазир Норзода Ш. ҳамроҳӣ намуда, роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират оид ба самтҳои асосии фаъолияти ниҳод, аз ҷумла танзими равандҳои муҳоҷирати аҳолӣ, андешидани тадбирҳо ҷиҳати таъмини муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, инчунин омодасозии муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар маълумот дод.
Ҳайати олмонӣ, ҳамчунин аз фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази машваратии омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Душанбе» ва филиали Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир» дар ноҳияи Шоҳмансур, ки пас аз таъмиру азнавсозӣ дар бинои нави замонавӣ ҷойгир гардидаанд, боздид ба амал оварданд. Дар ҷараёни шиносоӣ меҳмонон бо тартиби қабули шаҳрвандон, раванди баргузории машваратҳо, муҳтавои маводи иттилоотӣ оид ба пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, инчунин шароити синфхонаҳои забономӯзӣ ва касбомӯзӣ аз наздик ошно гардиданд. Боздиди мазкур ҳамчун қадами муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои судманд миёни сохторҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар самти танзими равандҳои муҳоҷират ва рушди малакаҳои касбӣ арзёбӣ мегардад.