Рӯзи 13 ноябри соли 2025 дар бинои вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазир муҳтарам Солеҳа Холмаҳмадзода бо ҳамоҳангсози Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии байналмилалии Туркия (ТИКА) дар Тоҷикистон муҳтарам Ибраҳим Этҳем Унал баргузор гардид. Дар кори вохӯрӣ, аз ҷониби вазорат, инчунин Каримзода Н. - муовини якуми вазир, Ашурализода А. ва Норзода Ш.- муовинони вазир ва дигар шахсони масъули сохтори низоми вазорат иштирок карданд. Ҳадафи вохӯрии мазкур аз баррасии масоили ҳамкорӣ дар доираи Созишнома ва Протоколи ҷаласаи якуми Комиссияи кории муштараки баимзорасида миёни вазирони ду кишвар иборат буд.
Лозим ба ёдоварист, ки рӯзҳои 20 - 24 сентябри 2025 ҳайати Ҷумҳурии Туркия бо роҳбарии Вазири меҳнат ва таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Туркия ҷаноби Ведат Ишикхан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари корӣ анҷом доданд. Тибқи барномаи мувофиқашуда, 22 сентябри соли ҷорӣ мулоқоти дуҷонибаи вазирони меҳнати ҳар ду ҷониб бо иштироки кормандони масъули вазоратҳои ҳамноми ҳар ду кишвар доир гардида буд.
Вазорат ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо TIKA аз соли 2009 роҳандозӣ намуда, тайи ин давра дар самти таъсиси заминаи моддию техникӣ ва таълимии муассисаҳои таълимии системаи вазорат ва таъмин намудани синфхонаҳо бо таҷҳизоти таълимӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд. Аз ҷумла, сохтан ва бо таҷҳизоти муосир таъмин кардани синфхонаҳои таълимии “Қаннодӣ”, “Тарабхонаи таълимӣ” ва “Кафшергари газию барқӣ” дар МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон», бо ҷалби мутахассисони касбии Ҷумҳурии Туркия аз рӯйи ихтисосҳои “Кафшергари газию барқӣ”, «Ошпаз» ва «Пешхизмат» фаро гирифта шуданди омӯзиши кӯтоҳмуддати омӯзгорон ва устоҳои таълими касбию истеҳсолӣ ва монанди инҳо.
Айни замон барои пешбурди мунтазами корҳо дар ин самт пешниҳодҳои зерин мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд:
- ташкил намудани синфхонаҳои таълимӣ дар МД “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” ва филиалҳои он интихобан дар шаҳру ноҳияҳои пилотӣ;
- мусоидат дар ташаккули низоми роҳнамоии касбӣ тавассути табодули таҷриба ва мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ, техникӣ ва барномавии низоми роҳнамоии касбӣ;
- ташкили курсҳои такмили ихтисос ва табодули таҷриба барои омӯзгорон, устоҳои таълимӣ ва мутахассисони муассисаҳои таълимӣ бо ҷалби мутахассисон аз Туркия;
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамоҳангсози Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии байналмилалии Туркия (ТИКА) дар Тоҷикистон муҳтарам Ибраҳим Этҳем Унал изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.