img
Ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон САДОҚАТ  Пешвои миллат подоши талошҳояшро дар сулҳу саодатимардум дарёфт

Садоқат ва ҷасорат – ин ду мафҳум бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд. Барои амалӣ сохтани марому мақсади наҷиб, ки сидқан дар қалб ошёна дорад,ҷасорат зарур аст. Бахусус, агар дар амалисозии он хатар ва душвориҳо садди иҷрои он бошанд.Пешвои миллат.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати Сарвари кишвар будан собит намуданд, ки чунин хислатҳои наҷиби инсонӣ-садоқату ҷасоратро  доранд. Дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳайси Сарвари давлат интихоб шудан ба ояндаи кишвари худ  некбинона, бо боварӣ  ин мароми наҷиби худро-“ман ба Тоҷикистон сулҳ меорам” иброз доштанд. Воқеан, дар он давраи ҳасос барои амалӣ сохтани  чунин ваъдаи душвор, ки Пешвои миллат бар душ гирифта буданд, иродаи қавӣ ва ҷасорат доштанро тақозо мекард.

 

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарварии давлатро  на дар ҷойи обод ва тинҷу осоишта, балки миёни оташи ҷанг, харобу вайрона оғоз намуданд. Магар овардану пойдор гардондани сулҳ осон аст, вақте кишвар дар  гирдоби ҷанги таҳмилӣ  қарор дорад. Сарвари тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои амалисозии мақсади ягонаи худ-хотима бахшидан ба ҷанги дохилӣ,пойдории сулҳу ваҳдат  неру, заковат ва иродаи матину қавии хешро сарф намуданд. Раиси ҷумҳур дар ин вақт хеле ҷавон буданд. Аммо садоқату ҷасорати рустамона дар пиёдасозии мароми нек алорағми каҷнигарону бадхоҳон  натиҷаҳои мусбӣ меоварданд.

 

Ошкорбаёнӣ, пинҳон надоштани камбудию норасоиҳо низ аз хислатҳои наҷиби Пешвои миллат маҳсуб меёбанд.Чун ба ояндаи неки халқи худ бовар доштанд ва мавҷуд будани онҳоро муваққатӣ медонистанд.Ин садоқати Пешвои миллатро  нисбати халқу  давлат низ дӯстони бурунмарзии мо некбинонаю холисона баҳо додаанд. Дар ин маврид хотироти раиси Созмони  тоҷикони Британияи Кабир Саид Ҷалоли Бадахшониро мисол меорем. Ӯ нигоштааст, ки дар Душанбе Осорхонаи миллӣ ифтитоҳ мешуд ва мо дар хидмати Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доштем. Расидем ба канори як тиреза,ки на тарафи хиёбон,балки ба даруни бино боз буд. Ин саҳна ҳеҷ вақт  аз ёдам наравад. Аз тиреза нигоҳ карданд ва назаре гузаронданд тарафи ман ва дӯстон:-Ба ҳар ҷойи  Тоҷикистон нигоҳ мекунам хароб аст, гуфтанд.Инро шахсе мегӯяд,ки дар қалбаш ободии Тоҷикистон ва ояндаи он нуҳуфтааст.Чаро аз дидани як харобӣ нороҳат мешавад? Агар касе аз дидани харобиҳо нороҳат нашавад,маълум,ки ба ояндаи мамлакат алоқае надорад.Ба худ андешидам, мо дар хидмати инсоне қарор дорем,ки мехоҳад ин мамлакатро бисозад.

 

Ҳангоме ки ҷанги таҳмилӣ идома дошт, Сарвари давлат ба минтақаҳои хавфнок сафар карда, аз ҳолу аҳволи мардум воқиф мегашт, ба   ояндаи нек,сулҳу ваҳдат мардумро мутмаин мегардонд. Аммо дар меҳвари фаъолияти Сарвари давлат хотима гузоштан ба ҷанги шаҳрвандӣ, инчунин ҷои зисти пештараи гурезаҳо баргардондани гурезаҳои қарор дошт. Дар ин росто низ садоқат ва ҷасорати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳиму ҳалкунанда доранд. Дар ҳалли чунин масъалаҳои муҳим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар дохил ва хориҷи  мамлакат бевосита иштирок мекарданд. Ҳаёташро зери хатар гузошта,аз ҷодаи  пазируфта ва қавли худ барнамегашт, тақдири халқу давлат ва ояндаи миллатро  аз ҳама манфиатҳо боло медонистанд. Музокироти тоҷикон хеле тулонӣ ва душвор доир мешуд. Муддати се солу се моҳ 21 маротиба гуфтушуниди расмӣ  доир шуд. Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  7 маротиба  расман дар онҳо иштирок доштанд.Собиқ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров вобаста ба ин мулоқотҳои расмӣ  ибрози назар дорад, ки албатта, ҳар як гуфтушунид бе душворию баҳсҳои доманадор,мураккабию норозигиҳои тарафайн  сурат намегирифт. Аммо имрӯз пурра  гуфта метавонам, дар ҳар як гуфтушуниде, ки Сарвари давлат ширкат кардааст,дар кори мо пешравӣ,дигаргунӣ ва ба мақсад наздик расиданҳо даст додааст.

 

Ҳамчунин Шукурҷон Зуҳуров меафзояд, ки миёни дигар вохӯриву суҳбатҳои расмӣ ҳеҷ гоҳ гуфтушуниди Хосдеҳи  Давлати Исломии Афғонистонро фаромӯш намекунам. Ин гуфтушунид 10-11 декабри соли 1996  баргузор гашт. Касе маслиҳат намедод, дар чунин ҳолати номусоиду хавфнок, ки дар ду ҷониб-Афғонистону Тоҷикистон даргириҳои мусаллаҳона идома дошт, ба Хосдеҳи Афғонистон сафар намояд. Вале ҳарфи Президент як ва ҷасурона буд:-Ҷони худро қурбон мекунаму аз роҳ барнамегардам.

 

Мулоқоти Хосдеҳ натиҷаи нек дод .Дар инҷо  шартномаи оташбас эълон гашт ва ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон асоси воқеӣ гузошт. Шуҷоат, ҷасорату мардонагии Пешвои миллат пайки нек ба бор овард.

 

Ба Ватан баргардондани фирориёни иҷборӣ  аз вазифаҳои муҳиме буд, ки дар маркази диққати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт. Бо талошу заҳматҳои Сарвари давлат ин масъала давра ба давра ҳал гашт. Ба Ватан баргаштани  беш аз як миллион фирориён дар таърихи давлатдории тоҷикон воқеаи беназиру таҷрибаи нодир  ба ҳисоб меравад.Зеро то ин вақт боре ҳам масъалаи ба ҷойи доимии зист  баргардондани гурезаҳо дар сатҳи давлат ҳаллу фасл нагардидааст ва берун аз таваҷҷуҳи  давлатдорон қарор дошт.

 

Дар мавриди баргардондани гурезаҳо ба Ватан боз аз як иқдоми ҷасурона ва нодири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мебоист ёдовар шуд.Танҳо бо баргардондани гурезаҳо мушкилот ҳал намегашт. Бо маводи ғизоӣ таъмин намудани онҳо душвории ҷиддие ба шумор мерафт. Содир шудани Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷудо кардани 75 ҳазор гектар заминҳои ёрирасон  дар он марҳалаи ниҳоят вазнин ҷиҳати бо маводи хӯрока таъмин намудани аҳолӣ кӯмаки беандоза расонд. Ҳоло  он бо номи заминҳои Президентӣ машҳур буда, мавриди истифода қарор доранд.

 

 Истиқрори сулҳу ваҳдат  шароит фароҳам овард,ки дар кишвар корҳои созандагӣ ва ободонӣ оғоз ёбанд. Зеро ҳадафи олии Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  пайваста баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум  буда, дар тамоми стратегияю барномаҳои рушди ҷумҳурӣ  ба иҷрои ин мақсад эътибори ҷиддӣ дода шудааст. Шуруъ аз соли 2001 иқтисодиёти кишвар бо суръат рушд намуда, мутаносибан ба нишондиҳандаҳои дигари иқтисодӣ, аз ҷумла ММД ба ҳар сари аҳолӣ, таъсири мусбат расонд.

 

Пешравиҳои назаррас хеле зиёданд. Дар ин давра Тоҷикистон аз кишвари воридкунандаи маҳсулоти асосии сохтмонӣ-семент ба кишвари содиркунандаи он табдил ёфт. Агар даҳ сол пеш  барои қонеъгардонии талаботи ширкатҳои сохтмонӣ ва аҳолӣ аз хориҷа то 2 миллион тонна семент ворид мешуд, ҳоло   талаботи дохилии ин маҳсулот пурра таъмин гашта,ба хориҷи кишвар беш аз 1,5 миллион тонна семент содирот мешавад. Феълан, ҳадафҳои стратегии мавҷуда  бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ дар шакли нав пешниҳод ва амалӣ гардонда мешаванд:таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ,аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат. Инчунин .”иҷрои се вазифаи асосӣ-бо роҳи баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ таъмин намудани рушди устувор,афзоиш додани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва расидан ба сатҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои даромадашон миёна”,ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст,аз расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар вобаста мебошад.

 

Хиради сиёсии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва хизматҳои шоистаи он кас барои рушди тамоми соҳаҳо  ва таҳкими давлатдорӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварданд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил шинохта шавад. Дар давраи соҳибихтиёрии кишвар  бо боварӣ  ва эътимоди комил метавон гуфт идеологияи нави миллӣ поягузорӣ шудааст, ки бунёдгузори он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.Роҳандозӣ намудани равобити хориҷӣ  ва шиносондани Тоҷикистон чун кишвари мустақил яке аз муҳимтарин ва дар айни замон мушкилтарин бахшҳои давлатсозӣ дар солҳои аввали истиқлолият ба шумор мерафт.Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  29 сентябри соли 1993 бори нахуст аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда,ҷомеаи ҷаҳонро бо ҳадафи сиёсии сулҳҷӯёна  ва таҳкиму тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуданд.

 

Нақши Сарвари давлат дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои глобалӣ ниҳоят бузург ва саривақтӣ мебошад. Аз ҷумла, Пешвои миллат иқдомкунандаи чор ташаббуси бузург доир ба об ва иқлим мебошанд, ки  аз ҷониби СММ пазируфта шудааст. Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ-2023 (24 марти соли 2023,ИМА) чунин иброз  доштанд:”Моро зарур аст, вобаста ба об дидгоҳи наве дошта бошем, ки дурнамои рушди захираҳои онро инъикос намуда, ҳамзамон,ба таҳкими нақши захираҳои оби тоза дар рӯзномаи баъдии ҷаҳонӣ мусоидат кунад”.14-уми декабри соли 2022 Маҷмааи умумии СММ дар бораи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”эълон кардани  соли 2025 ва 21 март ҳамчун “ Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо”, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардид,якдилона қарор қабул кард.Вобаста ба ин масъала соли 2025 дар шаҳри Душанбе коференсияи сатҳи баланди СММ барпо мегардад.    

 

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар давраи фаъолият ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар арсаи ҷаҳон ҳамчун шахсият шинохта шуд ва эътироф гардид. Дар арсаи байналмилалӣ мавқеи муносиб доштани Тоҷикистон  ба мартаба,обру ва эҳтироми Пешвои миллат вобаста мебошад. Нависандаи маъруф,ки дар ҷаҳон шинохта мешавад, Чингиз Айтматов нисбати Пешвои маҳбуби мо чунин суханони самимӣ гуфтааст:”Дар симои Президент Эмомалӣ Раҳмон ман тимсоли ҳақиқии мардуми тамаддунофари тоҷикро мебинам ва бо итминон таъкид менамоям,ки ин бузургвор бо зинда кардани номҳои алломаҳои миллат номи худро низ ҷовидонӣ мегардонад. Зеро танҳо сулҳу осоиштагӣ ,тинҷию фаровонӣ оварданаш ба рӯзгори одамон ӯро ба мақому манзалати олӣ баровардааст. Аз тоҷики бузургвор дигар  чизро умедвор шудан ҳам нашояд.” Воқеан, ба ин гуфтаҳои устоди сухан чизи дигаре наметавон илова кард.  

 

Аъзам Мӯсоев,

корманди шоистаи Тоҷикистон, ходими илмии шуъбаи ҳифзи меҳнати МД “Пажӯҳишгоҳи  меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”

 

13.11.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ