28 январи соли 2026 мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа бо роҳбари навтаъини намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Дарски баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи кунунии ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаи амалкунандаи «Кӯмаки техникӣ ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи дастгирии буҷет» барои солҳои 2023-2025, самтҳои афзалиятноки соҳа ва муайян кардани дурнамои рушди ҳамкории судманд мубодилаи афкор намуда, масъалаи тамдиди Барномаи дастгирии буҷетии Иттиҳоди Аврупо барои ду соли минбаъдаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои муштарак изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии худро барои самаранок амалӣ намудани марҳилаҳои нави ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаи тамдидшуда, ки барои беҳтар кардани некӯаҳволии шаҳрвандони кишвар мусоидат менамояд, изҳор доштанд.