Баъди ба даст овардани истиклолият дар Тоҷикистон нуфузу мақоми зан дар чомеа баланд гардида, бевосита дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулху валдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятиву соҳавии бонувон зиёд шуд.
Яке аз аввалин тадбирҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ин қабул гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз З декабри соли 1999” Дар бораи тадбирхои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” ба ҳисоб меравад, ки фармони мазкур ба қатори он санадҳои муҳимтарине дохил мешавад, ки дар таърихи соҳибистиқлолии мо мавқеи махсуси худро дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа дорад.
Тоҷикистон аз миёни кишварҳо яке аз авалинҳо шуда, 27 декабри соли 1993 Конвенсияҳои байналмилалӣ” Дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон” ва “Ҳуқуқҳои сиёсии занон”- ро эътироф ва тасдиқ кард.
Минбаъд, қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар бораи барномаҳои давлатии “Самтҳои асосии сиёсатҳои давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 8 августи соли 2001, N2 391 қабул карда шуд, ки мақсади асосии он баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва таъмини шартҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дастгирии давлатии занон ба ҳисоб меравад. Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқие қабул карда шудаанд, ки онҳо ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиятҳои қонунии занон ва дастгирии давлатии занон бахшида шудаанд.
Дар заминаи Конститутсияи мамлакат Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила (4)” ва санадҳои зерқонунӣ Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2025-2026, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001N2391.)
Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа таъкид ба амал меоранд, дастгирии занон ва баланд бардоштани мақоми занон дар чомеа масъалаи муҳими дигаре мебошад, ки аз давраҳои ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ зери диққати роҳбарияти давлат ва
Хукумати мамлакат қарор дорад.
Пешвои Миллат зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии кишвар аз 16-уми декабри соли 2025” Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қайд намуданд, ки 60 қаноатмандӣ изҳор медорамки занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Мо минбаъд низ дастгирии занону духтаронро густариш бахшида, ташаббусҳои созандаи онҳоро дастгири менамоем”. Рушди занонро дар ҳамаи соҳаҳо дастгири намудан лозим аст. Таиън намудани занон ба касбомузию, гум накардани расму оин ва либоспуши занон аҳамияти ҷидди додан лозим аст.” Воқеан, ин суханон имрӯзҳо дар пайроҳаи амалишави қарор доранд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон аз 26 январи соли 2021” Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳури” баҳри беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зан дар ҷомеа, иштироки фаъолона дар идоркунии давлат, омода кардани кадрҳои боистеъдод аз ҳисоби духтарони болаёкат, таъмини сиҳатии генофонди миллӣ ва фаолгардонии мақоми зан дар таҳкими асосҳои ахлоқии чомеа кумитаи кор б0 занон ва оиларо назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор сохтаанд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи Стратегияи миллии фаолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 таҳия ва пешниход намоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму ирода ва масулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил доранд.
Дар раванди суханашон Пешвои миллат таъкид намуданд, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар пешрафти давлат ва ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафта аст. Ҳоло дар кишвар 25% хизматчиёни давлати, 7З% кормандони соҳаи маориф, 71% кормандони соҳаи тиб, 47 % кормандони соҳаи фарҳанг, 37% олимон ва 30 % соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд.
Дар даврони истиқлолияти давлатӣ ба шарофати дастгирию ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати мамлакат заминаҳои ҳуқуқии маънавии ҳифз ва таҳкими оила ҳамчун арзиши муҳимтарини иҷтимоӣ мукаммал гардида, моҳияти ҳақиқии оилаи суннатии тоҷик ҳамчун рукни муқадас арзишманд эътироф гардид. Ин ҳама дастгирҳо, хусусан занону модаронро водор месозад, ки дар марҳилаи кунунии давлатсозию давлатдорӣ мавқеи фаъол ва устувори шахрвандӣ дошта содиқона дар амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро гузоранд.
Бобомуродова Д.
Сармутахассиси шуъбаи
Мониторинг ва арзёбтии
МД "Маркази такмили ихтисос ва бозомузии кормандони низоми
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон