img
Сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон санги асос барои дӯстии абадии ду миллати ҳамсоя

 

Гузоштани нуқтаи ниҳоӣ ба баҳсҳои сарҳадӣ ва дигар масоили ҷойдошта миёни ду давлати ҳамсоя – Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз собиқ давлати Иттиҳоди шӯравӣ то кунун ба мерос монда буд, аз иродаи қавӣ ва идомаи сиёсати сулҳофарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки он ҳамчун санги асос барои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамзистии осоиштаи шаҳрвандони ҳар ду давлат ба ҳисоб меравад.

 

Дар ин рӯзҳои таърихӣ, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ озими Ҷумҳурии Қирғизистон гардиданд,  мардуми ду кишвар бо умедҳои нек ба оянда менигаристанд.   Дарвоқеъ, ин сафари бобарори давлатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари ҳамсоя умеду орзуҳои чандинсолаи халқҳои ду давлатро дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла: рушди муносибатҳои бахши ояндадори саноат, ташкили корхонаҳои муштарак, ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ, пеш аз ҳама CASA-1000, истифодаи захираҳои об, рушди робитаҳои нақлиёту коммуникатсия, истифодаи мутақобилан судманди имконоти транзитӣ ва нақлиётӣ ва муҳимтар аз ҳама, барқарор кардани ҳаракати ҳавоӣ байни кишварҳо, инчунин хатсайрҳои нақлиёти мусофиркаш, аз ҷумла байни ноҳияҳои наздисарҳадӣ бароварда карданд.

 

Бояд дарҷ намуд, ки дар матбуоти даврӣ нуктаҳои асосии сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон чунин тавзеҳ дода шудаанд:   
- ба нишони эҳтиром ва гиромидошти таърих ва адабиёти мардуми қирғиз гузоштани гулчанбар дар пояи муҷассамаи “Уркун” ва мақбараи нависандаи маъруф Чингиз Айтматов. - истиқболи гарму самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва маросими истиқболи расмӣ бо саф кашидани ҷузъу томҳои горди фахрӣ ва оркестри низомии асбобҳои нафасӣ, гузориши фармондеҳи горд, садо додани сурудҳои миллии ҳар ду кишвар ва шиносоӣ бо аъзои ҳайатҳои расмӣ.

-музокирот ва гуфтушунидҳо вобаста ба муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва дурнамои рушди онҳо, аз ҷумла: афзун намудани робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва истифодаи имконоти ҳарду кишвар дар ин самт, ба қарор омадан дар бораи таъсис додани Шурои байниҳукуматӣ бо роҳбарии сарвазирон ва дастур додан ба ин ниҳоди нав барои расонидани ҳаҷми тиҷорати дуҷониба то ба андозаи 500 миллион доллар.

- тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, сайёҳӣ, сиёсати ҷавонон ва варзиш. 

- масъалаҳои муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ, зуҳуроти радикализм, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла киберҷинояткорӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир.

- ба имзо расонидани 16 санади нави ҳамкорӣ аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳои сарони давлатҳо.

- гузоштани имзо зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ аз ҷониби роҳбарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров.

- иштироки роҳбарони давлатҳо дар маросими маҷозии бозкушоии ду гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки орзуи деринаи ҳар ду миллати бо ҳам дӯст ва ҳамсоя буд ва ин маросим бо иштироки роҳбарият ва сокинони вилоятҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд.

- изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров оид ба таҳкими минбаъдаи риштаҳои дӯстӣ ва некуҳамсоягӣ байни ду давлат бар пояи анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва эҳтироми мутақобили ҳар ду давлат, бо истинод ба принсипҳо ва уҳдадориҳое, ки дар Аҳднома оид ба муносибатҳои асосии байнидавлатӣ байни ҷумҳуриҳо аз 12 июли соли 1996 ва Аҳднома байни давлатҳо оид ба муносибатҳои некӯҳамсоягӣ ва ҳамшарикӣ аз 26 майи соли 2004 муқаррар шудаанд, бо тасдиқи пойбандии худ ба принсипҳо ва меъёрҳои маъруфи ҳуқуқи байналмилалӣ, ки дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, инчунин дар шартномаҳои байналмилалие, ки ҳар ду давлат иштирок менамоянд, бо дарназардошти аҳамияти таърихии 30-солагии имзои Аҳднома оид ба муносибатҳои асосии байнидавлатӣ, ки дар соли 2026 таҷлил мешавад, бо итминон ба он, ки рушди минбаъдаи ҳамкории ҳамаҷонибаи мутақобилан судманд ҷавобгӯи манфиатҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мебошанд.

- ба имзо расонидани Созишнома дар бораи истиқрори робитаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Бишкек, ки дар доираи он пойтахтҳои ду давлат дар асоси баробарӣ, боварии ҳамдигарӣ ва манфиатҳои тарафайн дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, иттилоот ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷӯҳ ҳамкории судмандро амалӣ менамоянд.

- Барқарор намудани парвозҳои мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, аз ҷумла аз шаҳри Душанбе оғоз аз 14 марти соли 2025 ба шаҳри Бишкек ва дигар масирҳои ҳавоӣ, ки ба рушди сайёҳии ду давлати ҳамҷавор мусоидат менамояд.


Истиқболи Созмонҳои ҳампаймон: Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) аз имзои Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ истиқбол намуда, дарҷ намудааст: «Бо шарофати талошҳои пайваста ва иродаи сиёсии сарони ду давлат имкон пайдо шуд, ки оид ба гузариши хати сарҳади давлатӣ дар тамоми дарозии қариб ҳазоркилометрии он созиш ҳосил шавад». 

 

Давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аҳамияти хосаи шартномаи имзошударо таъкид намуда, онро саҳми арзанда дар пойдории сулҳ, таъмини амният ва субот дар фазои Созмони ҳамкории Шанхай арзёбӣ намудаанд. Дар маҷмӯъ, сафари таърихӣ ва бобарори сулҳофари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон шароит фароҳам меорад, ки мардумони ду давлат дар фазои сулҳу амният, осоишта ва бунёдкоронаву созанда дар паҳлӯи ҳамдигар то абад кору зиндагӣ кунанд.

 

 

М.Ормонов
Аълочии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

14.03.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ