Дар санаи 21 ноябри соли 2025 дар маҷлисгоҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо ҳузури роҳбарияту кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои таркибии вазорат, инчунин даъвати меҳмон - муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Маҷлиси тантанивиро Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холмаҳмадзода Солеҳа ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” табрику муборакбод намуд. Зимни суханронии худ қайд намуд, ки қарор доштан дар чунин чорабинии пурифтихор “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” боиси сарфарозии ҳар яки мову шумо мебошад. Зеро парчам яке аз муҳимтарин муқаддасоти давлатӣ ва нишонаи истиқлолияти ҳар як миллат ба ҳисоб меравад. Он дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ, таҷассумгари ваҳдати миллӣ, худшиносии таърихӣ ва мақому манзалати давлат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Қабули Парчами давлатӣ дар давраи ниҳоят ҳассоси таърихи давлати тозаистиқлоламон ба мардуми мо тавону қувваи тоза бахшид ва онҳоро муттаҳид сохт, ки таҳти парафшонии маҳз ҳамин парчами давлатӣ дар кишвари мо сохти конститутсионӣ барқарор ва сулҳу оромӣ таъмин гардид. Парчами давлатӣ рамзест, ки қудрати муттаҳидкунанда дорад ва дар қалби ҳар як шаҳрванд ғурури миллӣ ва эҳсоси гарми ватандориро бедор мекунад. Бинобар ин, ҳифзи Парчам ва арҷгузорӣ ба он нишонаи ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии ҳар яки мо мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ Қурбонзода Ҳилолбӣ - муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аскарзода Солеҳ - сардори раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳои дастгоҳи марказии вазорат низ доир ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” фикру ақидаҳояшонро бо фасоҳату пурмуҳтаво ба иштирокдорони ҳамоиш баён намуданд. Гуфта шуд, ки Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 қабул гардида, ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №254 аз 12-уми майи 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад. Чорабинӣ бо ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ бо сарбаландӣ чун Парчами баланди тоҷикон баъд аз ҳамовозӣ бо хондани суруди миллӣ ҷамъбаст карда шуд.