img
БА ИСТИҚБОЛИ  СОЛГАРДИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ПРЕЗИДЕНТ -   ҲОМИИ КОНСТИТУТСИЯ

Марҳилаи муҳиме, ки заминаи ҳуқуқии давлатдории муосирро ташкил  дода, дар устувории истиқлоли  кишвар нақши муҳим гузоштааст, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ сохторҳои гуногуни давлатдорӣ мавриди амал қарор доранд, вале идораи парламентӣ ва президентиро бештар давлатҳо мувофиқ дониста, интихоб кардаанд. Барои қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи конститутсионӣ  таъсис дода шуд ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии онро ба уҳда доштанд. Ҳамин тариқ, Иҷлосия дар самти ислоҳоти конститутсионӣ саҳифаи нав кушод.

 

Моҳи ноябри соли 1993 дар комиссия ва гуруҳи корӣ ин масъала баррасӣ гардид ва давоми шаш моҳ ҳарду лоиҳаи нави Конститутсияро омода намуд, ки ҳар яки  ин лоиҳаҳо як намуди идораи давлатӣ-парламентӣ ва президентиро дарбар мегирифт. Комиссия шакли идораи президентиро пазируфта лоиҳаи омодашударо ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намуд.   

 

Вобаста ба  шакли идораи президентӣ ва парламентӣ Сардори давлат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVIII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум чунин нуктаи назари худро иброз доштанд: «Ҳоло бештар сухан дар бораи идораи президентӣ ва парлумонӣ меравад. Боварӣ дорам, ки тарафдорони ҳар ду навъи идораи давлатӣ бурҳону далелҳои раднопазир оварда метавонанд.

 

Шахсан ман ҷонибдори идораи мустаҳками президентӣ ҳастам. Танҳо як ҷиҳаташро таъкид мекунам, ки дар шароити давраи гузариш идораи мустаҳками президентӣ ба ҳалли бисёр масъалаҳои умда имконият медиҳад. Табиист, ки Раиси ҷумҳур низ бояд ба тарзи умумихалқӣ интихоб гардад». («Садои мардум» №143 аз 1 январи соли 1994). Ба гурӯҳи кории таҳияи лоиҳаи Конститутсия 8,5 ҳазор пешниҳоду таклифҳо расиданд. Ҳамаи таклифу дархостҳои муфид аз назари аъзои комиссия дур намонданд. Лоиҳаи Конститутсия аз сад модда иборат аст, ки ба 50 моддаи он  дар асоси фикру мулоҳизаҳо тағйиру иловаҳои ҷиддӣ ворид гашт. Воқеан, мақсад аз ба муҳокимаи умумихалқӣ  пешниҳод намудани лоиҳа низ ҳамин буд.

 

20 июли соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод намудани лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистонро эълон кард.

 

Ҳамин тариқ, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Дар моддаи якуми Конститутсия эълон шудааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”. Дар моддаи 5 омадааст: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд”. Аз ин ҷиҳат, 34 модда, яъне сеяки  моддаҳои Конститутсия масъалаи мазкурро дарбар гирифтааст.

 

Дар ин маврид хотирнишон кардан бамаврид аст, ки дар таърихи давлатдории ниёгонамон  ҳуқуқ ва озодиҳои инсон зикр ёфтааст. Нахустин  намунаи Эъломияи ҳуқуқи башарро  шоҳаншоҳи империяи Ҳахоманишиён Куруши Кабир, ки эронитабор буд, соли 539 пеш аз мелод содир намуд. Ин эъломия, ки ҳамчун “Устувонаи Куруш“ машҳур аст, бо дастури Куруши Кабир  барои наслҳои оянд бо хатти мехӣ ба се забон-форсӣ, эламӣ ва бобулӣ  дар устувонаи сафолие сабт гардид ва дар Бобулистон нигоҳдорӣ мешуд. Лавҳае бо забони бобулӣ сабтшуда соли 1878 аз ҷониби бостоншиносони инглис  дар ҳафриёти шаҳри Бобул  кашф шуд ва ҳоло дар осорхонаи шаҳри Лондон маҳфуз мебошад.

 

Санади мазкур ҳамчун нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар эълон гардида, соли 1971 бо ташаббуси СММ ба ҳамаи забонҳои расмии ин созмони бонуфуз  тарҷума ва нашр карда шуд. Дар миёни ҳама асноди даврони қадим, ки ҷанбаҳои мухталифи ҳуқуқи инсонро танзим кардаанд, нақш ва мавқеи Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир арзишманд аст. Ин нахустин санади ҳуқуқиест, ки  дар он баробарҳуқуқии  нажодии ҳамаи инсонҳоро эълон намудааст.

 

Ҳарчанд Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир дар замони қадим эҷод ва баёнгари андешаҳои фардӣ бошад ҳам, бояд эътироф кард, ки ин санад аҳамияти таърихӣ дошта,  барои минбаъд ба вуҷуд овардани унсуру меъёрҳои ҳуқуқӣ заминаи устувори ибтидоӣ гузоштааст. Бахусус дар самти қонунэҷодкунӣ    моҳият ва аҳамияти худро то ба имрӯз нигоҳ доштааст. Чунончи, Куруши Кабирро метавон ба сифати яке аз асосгузорони “Принсипи ҷавобгарии фардӣ ва гунаҳгорӣ”, ки имрӯз  дар қонунгузории ҷиноятии тамоми давлатҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, эътироф намуд. Мутобиқи муқаррароти Эъломияи  Куруши Кабир “ҳар кас посухгӯйи  аъмоли худ мебошад, ҳеҷ касеро набояд ба ангезаи ин ки яке аз бастагонаш хилоф кардааст, муҷозот кард ва касе аз дудмон (хешу табор) ё хонаводае хилоф кард, танҳо ҳамон ба кайфар бирасад ва бо дигар мардумон ва хонавода коре нест”. Ин принсип дар Эъломия таври зайл тақвият ёфтааст:

 

    Моддаи 3: Ҳар кас ҳаққи зиндагӣ, озодӣ ва амнияти шахсӣ дорад.

   Моддаи 9: Касеро наметавон худсарона боздошт, ҳабс ё пешдоварӣ кард.

 

        Ҳамин тариқ, Эъломияи Куруши Кабир дар замони муосир низ арзиши  худро ҳамчун ҳуҷҷати пурарзиш доир ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон  гум накардааст.  Принсипи инсондӯстона, ҳимояи шаъну шарафи инсон дар муқаддимоти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ  ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эълон медорад. Боби дуюми Конститутсия “Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд”(моддаҳои 14-47) ном дошта, фарогири ин масъалаҳо мебошад. Дар Эъломияи Куруши Кабир  зикр шудааст, ки ҳар кас посухгӯйи аъмоли худ мебошад, моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муқаррарот пешбинӣ менамояд: ”Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробаранд”.

 

       Дар давлати Тоҷикистони соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёду дунявӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегардад.

 

Баъди қабули Конститутсия ва интихоби Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идораи президентӣ ҷорӣ шуд. Давраи гузариш дар кишвар, ки хеле мураккаб ва харобиовар буд, воқеан ҳам ба идораи мустаҳкам ва қавии президентӣ ниёз дошт. Ҳаёти минбаъда собит сохт, ки идораи президентӣ мувофиқ ба авзои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа буда, масъалаҳои душворро қодир аст ҳал ва иҷро намояд. Бо идораи президентӣ ба муноқишаҳои сиёсӣ хотима гузошта, фаъолияти борабту низом ва устувори давлатдорӣ роҳандозӣ шуд. Дар чунин ҳолат бо истифода аз ваколату салоҳияти конститутсионӣ идораи президентӣ қодир аст масъалаҳои ҳаётан муҳиму актуалиро ҳал намояд.

 

Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 64) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) мебошад. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон аст. Ҳангоми қабули Конститутсия , яъне то 6 ноябри соли 1994 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои як палата буд ва  шакли асосии фаъолияти он Иҷлосия ба шумор мерафт. Иҷлосия соле на камтар аз  ду бор даъват мешуд. 26 сентябри соли 1999 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ  ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Аз ҳама бештар тағйиру иловаҳо ба боби сеюми Конститутсия, ки фаъолияти парламентро ба танзим медаровард, ворид шудаанд. Азҷумла, мафҳуми Парламент бори нахуст дар Конститутсия тавассути ҳамин тағйиру иловаҳо истифода шуд. Мафҳуми Маҷлиси Олӣ ва Парламент ҳаммаъно нишон дода шудааст. Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми дупалатагӣ муаррифӣ гардид, ки аз Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад. Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин солҳои 2006 ва 2016 тағйиру иловаҳо ворид шудааст.

 

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва интихоби Президенти мамлакат дар таърихи ҷомеаи навини тоҷикон мавқеи хосса доранд. Ба ин рӯйдод Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Иҷлосияи XXI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум (16 ноябри соли 1994) чунин баҳо медиҳанд: “Мардуми Тоҷикистон аввалин бор санади ҳуқуқиеро қабул намуд, ки он манфиати тамоми халқҳои сокини Тоҷикистонро ифода мекунад.

 

      Агар 16 ноябри соли 1992 ва Сессияи XVI Шӯрои Олӣ ҳамчун ибтидои барқароркунии давлати қонунӣ ва сохти конститутсионӣ дар таърихи Ватанамон ҷойи сазовори худро соҳиб шуда бошанд, пас 6 ва 16 ноябри соли ҷорӣ ва сессияи имрӯзаи Шӯрои Олӣ дар таърихи навтарин ҳамчун рӯзи қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлол ва зуҳуроти ягонагии миллатҳои давлатамон абадӣ боқӣ хоҳад монд”. («Садои мардум» № 94 аз 19 ноябри соли 1994).

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи давлатдорӣ, истиқрори сулҳу ваҳдат нақши муасир дошта, бо амалу муносибати ҷавонмардона дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахсияти барҷаста шинохтаву эътироф шудааст. Эҳтироми Пешвои миллат  дар байни мардуми мамлакат ва дар арсаи байналмилалӣ на танҳо натиҷаи хизматҳояшон, балки  подоши иродаи сиёсӣ  ва устувории шахсӣ мебошад.

 

Тӯли ин солҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи ояндаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян сохта, муҳимтарин принсипҳои демократии аз ҷониби ҷомеаи башарӣ эътирофшударо таҷассум кардааст ва хоҳад кард.

 

 

   Маҳмадбекзода М.Ш.,

 доктори илмҳои сиёсӣ, директори

Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи

 меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”.

 

28.10.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ