Аз 14 то 18 июли соли 2025 сафари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Солеҳа Холмаҳмадзода ва бо иштироки Раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон доир гардид. Дар доираи сафар шиносоӣ бо раванади таълим ва фаъолияти Маркази давлатии таълими касбии ба номи Варнер фон Сименс, Маркази таълими калонсолони округи Чам ва як қатор мулоқоту вохӯриҳо анҷом дода шуданд.
15 июл дар шаҳри Мюнхен бо иштироки Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов ҳайат бо вакилони Ландтаги Бавария, намояндагони Вазорати иқтисод, рушди минтақавӣ ва энергетика, Маркази иқтисодии Бавария, директори иҷроия оид ба иқтисод ва савдои хориҷии Ассотсиатсияи соҳибкорони Бавария Волкер Лейнвебер, гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои федеролӣ, аврупоӣ ва равобити минтақавии Парламенти давлатии Бавария ва вазири корҳои аврупоӣ ва байналмилалии Бавария Эрик Байсвенгер мулоқотҳои расмӣ баргузор намуд.
Ҷонибҳо ҷиҳати омода намудани шаҳрвандони Тоҷикистон барои сафарбар намудан ба ин кишвар ва омӯзиши забони олмонӣ ба мувофиқа расиданд. Иброз гардид, ки ҷониби Олмон барои омӯзиши забони олмонӣ модулҳои таълимиро омода ва таъмин намуда, инчунин барои омӯзгорон тренинг ва курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиширо дар заминаи МД “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” ба роҳ мемонад.
Санаҳои 16 ва 17 июл мулокоту вохӯриҳои судманд бо Президенти Палатаи ҳунарҳои Баварияи Поён ва Пфалтси Боло Георг Хабер, роҳбари Палатаи савдо ва саноати Регенсбурги Боло доир гардида, ҳайати Тоҷикистон дар мизи мудаввар оид ба низоми дуалии таълими касбӣ, таҷриба бо коромӯзони кишварҳои сеюм иштирок намуданд. Дар идомаи сафар, санаи 18 июл дар шаҳри Берлин мулоқоти ҳайат бо котиби давлатии Вазорати федералии меҳнат ва умури иҷтимоии Олмон Лилиан Чан баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи меҳнат ва шуғл баррасӣ шуданд.
Ҳамон рӯз дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин мулоқоти кории ҳайати Тоҷикистон бо Президенти Ландтаги Саксония-Анҳалт Гуннар Шелленбергер ва роҳбари ширкати TELC GmbH Юрген Кайхер баргузор шуд. Дар натиҷаи вохӯрӣ Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати TELC GmbH дар бинои намояндагии дипломатӣ ба имзо расонида шуд.
Дар назар аст, ки татбиқи Ёддошти мазкур ба пешбурди ҳамкории дарозмуддат дар соҳаи касбомӯзӣ ва рушди малакаҳои касбии ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати муосир бо такя ба таҷрибаи муваффақона дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва омӯзиши дуалӣ ва бо мақсади таъмини гунонунсамтии муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат хоҳад кард.