img
ҲИФЗИ МЕҲНАТ  ВА МЕЪЁРИ АСОСИИ ОН

 

 

Муҳайё намудани шароити хуби меҳнат ва фароҳам овардани муҳити солими меҳнат барои ҳар як корманд хеле зарур аст, зеро аз се як ҳиссаи умри инсон дар ҷои кор мегузарад. Ҳар шахс ба меҳнат, интихоби касб, кор, ҳифзи меҳнат ва ба ҳифзи иҷтимоӣ аз бекорӣ ҳуқуқ дорад. Музди меҳнат набояд аз музди меҳнати ҳади ақал камтар бошад. Ҳама гуна мамониат дар муносибатҳои меҳнатӣ манъ карда мешавад. Барои меҳнати баробар музди меҳнати баробар дода мешавад. Ягон шахс ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб шуда наметавонад, ба истиснои ҳолатҳои аз ҷониби қонун муаяншуда. Истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон дар корҳои вазнин ва зеризаминӣ, ҳамчунин дар корҳои шароити меҳнати зараровар манъ карда мешавад.

 

Меҳнат - фаъолияти инсон, ки барои ба вуҷуд овардани арзишҳои моддӣ, маънавӣ ва дигар неъматҳо равона гардида, барои ҳаёт ва қонеъ намудани талаботи инсон ва ҷомеа зарур аст.

Масъалаҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад ва дар иртибот ба ин бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоию меҳнатии кормандон, ҳифзи саломатӣ ва таъмини бехатарии шароити меҳнат, инчунин ҷалб намудани диққати корфармоён оид ба ташкили корҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар корхонаҳо Ҳукумат диқати хоса зоҳир менамояд.

 

Асоси ҳуқуқии қонунгузорӣ дар бахши бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, кодексҳо, қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқии дар ҷумҳурӣ қабулшаванда ба Конститутсия бояд мухолифат накунанд. Меъёрҳои асоси оид ба масъалаҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд. Кодекс меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни ягона ва мураттабгаштаест, ки тавассути он соҳаи муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ пурра, бевосита ва бонизом танзим карда мешавад.

 

Принсипҳои асосии бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат инҳоянд: озодии меҳнат, манъи маҳдудсозии ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дар муносибатҳои меҳнатӣ, манъи табъиз, меҳнати маҷбурӣ ва истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок, таъмини ҳуқуқ ба шароити меҳнати ҷавобгӯи талаботи қоидаҳои бехатарӣ ва гигиенӣ, афзалияти ҳаёт ва саломатии корманд нисбат ба натиҷаи фаъолияти истеҳсолӣ, таъмини ҳуқуқ ба музди мувофиқ барои меҳнат, на камтар аз андозаи ҳадди ақали музди меҳнат, таъмини ҳуқуқ ба истироҳат, баробарии ҳуқуқ ва имкониятҳои кормандон, таъмини ҳуқуқи кормандон ва корфармоён ба муттаҳидшавӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои худ, кафолати таъминоти иҷтимоии кормандон, шарикии иҷтимоӣ, танзими давлатии бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат ва таъмини ҳуқуқи намояндагони кормандон барои назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат.

 

Барои низоми идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат дар ҷумҳурӣ қонунҳои дигаре низ амал мекунанд, ки барои фароҳам овардани муҳити бехатарии меҳнат ва ҳифзи меҳнати кормандон таҳия гардидаанд, аз ҷумла «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор» аз 20 марти соли 2008,  №363,  «Дар бораи таъмини бехатарии санитарӣ-эпидемиологии аҳолӣ» аз 08 декабри соли 2003, №49, “Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо аз 22 апрели соли 2003, №1, «Дар бораи ҳифзи табиат» аз 2 августи соли 2011, №760, «Дар бораи  экспертизаи экологӣ» принсипҳо ва  тартиби гузаронидани экспертизаи экологи» аз 16 апрели соли 2012, №818, «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» аз 1 августи соли 2003, № 42, «Дар бораи муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» аз 14.03.2014, №1078 (дар таҳрир аз 28 декабри соли 2005, №150).

 

Дар ин замина, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мукаммалгардонии қонунгузорӣ дар самти бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат тибқи супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қарори Маҷлиси Намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 августи соли 2016 № 478 (В.К. 1329) лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав бармеоянд, бо ворид намудани баъзе тағйирот аз нав таҳия намуд, ки онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидаанд, аз ҷумла “Дар бораи Рӯйхати корҳои шароиташон зараровар ва хатарноқ ки ба истифодаи меҳнати ашхоси аз 18-сола хурд иҷозат дода намешаванд ва ҳадди меъёрҳо ҳангоми дастӣ бардоштан ва кашонидани борҳо” аз 4 марти соли 2014, №169 (03.03.2017, №110), “Дар бораи тасдиқи Намудҳои корҳои хонагии кормандоне (хонакороне), ки дар назди шахсони алоҳидаи воқеӣ дар асоси шартнома (қарордод) анҷом дода мешаванд” аз 3 апрели соли 2012, № 159 (03.03.2017, №109), “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар ҶТ» аз 1 апрели соли 2008, №173 (17.03.2017, №136), “Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби таҳия ва бастани созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 2 июли соли 2008 № 307 (17.03.2017, №137), “Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳо ва меъёрҳои ба кормандон додани шир, хӯроки табобатию профилактикӣ, либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ, таъмин намудани кормандон бо воситаҳои ҳифозати коллективӣ, биноҳои санитарию маишӣ ва дастгоҳу таҷҳизот аз ҳисоби маблағҳои корфармо” аз 6 сентябри соли 2014, № 592 (3.10.2017, № 467), “Тартиби аз ҷониби корфармо ҷуброн гардидани зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти кормандон» аз 21 октябри соли 2014, № 661 (таҳрири нав), “Дар бораи Рӯйхати корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои занон дастӣ бардоштан ва кашондани онҳо иҷозат дода мешавад” (30.12.2023, №568), “Дар бораи Тартиби гузаронидани тафтиш ва баҳисобгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ” (5.07.2017, №..),“Дар бораи Тартиби бастани шартномаи шогирди аз 30/12/1998, №528 (17.03.2017, №134), “Намуна ва тартиби ҷорӣ кардани дафтарчаи меҳнатӣ, инчунин номгӯйи дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки собиқаи кории кормандро тасдиқ мекунанд” аз 12/04/1999, №154 (17.03.2017, №135), “Талаботи умумӣ ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандонро дар ташкилотҳои давлатӣ”, аз 19 сентябри соли 2017, №458, “Номгӯйи минтақаҳое, ки дар онҳо коэффитсиентҳо ва иловапулиҳо истифода мешаванд, инчунин андоза ва тартиби пардохти онҳо” аз 3/05/2014, №303 (3.03.2017, №111), “Музди меҳнати аслиро бо молу ашёе, ки муомилоти озоди онҳо тибқи номгӯйи тасдиқнамудаи ҲҶТ маҳдуд ё манъ шудааст, пардохтан мумкин нест” аз 29 сентябри соли 2017, №461, «Комиссияҳои ҷумҳуриявӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ мувофиқи Низомнома дар бораи комиссияҳои сетарафа оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар ҶТ, ки аз ҷониби ҲҶТ бо мувофиқаи иттиҳодияҳои намояндагони кормандон ва иттиҳодияи корфармоён тасдиқ мегардад, фаъолият мекунанд” аз 1/04/2008,  №173, аз ҷониби ҲҶТ аз 17 марти соли 2017, №136.

 

Ба ғайр аз ин, дигар қарорҳои амалкунанда вобаста ба самти мазкур инҳоянд, “Дар бораи таснифоти давлатии касбҳои коргарӣ, вазифаҳои хизматчиён ва дараҷаҳои тарифӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 2 марти соли 2013, №86, Рӯйхати истеҳсолот, сехҳо, касбҳо ва вазифаҳо бо шароити меҳнати зарарнок ва вазнин, ки кор дар онҳо барои рӯзи кории кутоҳкарда шуда ва рухсатии меҳнатии иловагии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад ва Дастур дар бораи тартиби истифодаи Рӯйхати истеҳсолот, сехҳо, касбҳо ва вазифаҳо бо шароити меҳнати зарарнок ва вазнин, ки кор дар онҳо барои рӯзи кории кутоҳкарда шуда ва рухсатии меҳнатии иловагии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад, аз 31 декабри соли 2002, №521, «Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани аттестацияи ҷойҳои корӣ аз рӯи шароити меҳнат” аз 3 июли соли 2014, № 462,  «Дар бораи тасдиқи Рӯйхати бемориҳои касбӣ ва Номгӯи моддаҳои зарарнок  ва омилҳои истеҳсолӣ, ки иҷроиши онҳо бо таъсири шароитҳои зарарнок алоқаманд мебошанд, инчунин Рӯйхати моддаҳои зарарнок ва омилҳои истеҳсолии номусоид, ки ҳангоми кор бо онҳо муоинаи ҳатмии пешаки ва давравии тиббии кормандон аст» аз 30 декабри соли 2010, №702.  “Андозаи фонди захиравии музди меҳнат, асосҳо ва тартиби истифодаи он”, «Номгӯйи соҳаҳо, истеҳсолот, кор, касб ва вазифаҳо, шароити пешниҳод ва давомнокии рухсатиро барои собиқаи кории давомнок”, Тартиб ва андозаи ҷуброни хароҷоти сафари хизматӣ дар ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд” аз 21 октябри соли 20014,  №661, “Барои иҷрои корҳои вахтавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи ҲҶТ иловапулӣ пардохт карда мешавад”, Тартиби махсуси муайян намудани андозаи ҷуброни зарари ба корфармо расонидашуда бо роҳи камомад, қасдан несту нобуд ё хароб кардани мавод, маҳсулоти нимтайёр, маснуот (маҳсулот), аз ҷумла ҳангоми тайёр кардани онҳо, ҳамчунин асбобу анҷом, либосҳои махсус ва дигар ашёи барои истифода ба корманд додашуда бо татбиқи карат ба онҳо, инчунин дар ҳолатҳое, ки андозаи воқеии зарар аз андозаи аслии он зиёд аст»,“Андозаи иловапулӣ барои якҷоякунии касбҳо (вазифаҳо), васеъ шудани доираи хизматрасонӣ (зиёд шудани ҳаҷми корҳои иҷрошаванда) ё иҷрои вазифаи кормандони муваққатан ба кор ҳозирнабуда аз тарафи корфармо бо розигии корманд, барои ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда бошад”, “Тартиби ҳисоб карда додани музди миёнаи меҳнати кормандро дар ҳамаи ҳолатҳо (пардохти кафолатнок ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ҳангоми пардохти музди муҳлати рухсатӣ, ҳангоми пардохти музди меҳнати давраи гузаронидан ба кори дигар, дар ҳолати ҷуброни зарар), ба ғайр аз музди миёнаи меҳнат ҳангоми таъйин намудани нафақа” аз 1/06/2007, №313, “Мансабҳои хизматчиёни гражданиро (ҳайати техникӣ ва хизматрасонро) дар мақомоти давлатӣ” аз 30 декабри соли 2007 № 633, Хусусияти дар ду (якчанд) ҷой кор карданро барои категорияҳои алоҳидаи кормандон (кормандони соҳаҳои омӯзгорӣ, тиббию дорусозӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо” аз  апрели соли 1998, №122, “Низоми пардохти музди меҳнати хизматчии гражданиро, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ анҷом дода мешавад”  аз 02/10/2010,  №526, Барномаи миллии оид ба барҳамдиҳи шаклҳои бадтарини  меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 - 2028, аз 30 августи соли 2024, №485 ва ғайра. Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати иҷрои қарорҳои болозикр фармоишҳои дахлдори Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба тасвиб расидаанд.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  даврони Истиқлолияти давлатӣ маҷмӯи тадбирҳоеро амалӣ намуд, ки онҳо заминаи устувори рушди қонунгузории яке аз соҳаҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ - ҳифзи меҳнати кормандони тамоми соҳаҳои иқтисодии мамлакат гардиданд. Дар ин раванд дар навбати аввал санадҳои меъёрии ҳуқуқии пештар амалкунандаи марбути масъалаҳои ҳифзи меҳнати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таҷдиди назар карда шуданд.

 

Ёдовар шудан лозим аст, ки қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) ва Ҷумҳури Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон (ҶШС Тоҷикистон) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон то қабули қонунҳои марбута ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар қисмати мухолифат накардан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътироф шуда амал мекунанд.

 

Айни замон дар ҷумҳурӣ масъалаҳои вобаста ба бехатари ва ҳифзи меҳнат тибқи Стандартҳои давлатӣ ва байнидавлатӣ, меъёрҳо ва қоидаҳо (ГОСТ) -ҳо низоми стандартҳои бехатарии меҳнат «НСБТ» ба танзим дароварда мешаванд.

 

Стандартҳо ба давлатӣ, минтақавӣ, соҳавӣ ва стандартҳои ташкилотҳо тақсимот мешаванд. Онҳо талаботҳое, ки ба воситаҳои истеҳсолот, воситаҳои нақлиёт, равандҳои истеҳсолӣ (технологӣ), ашё, маводҳо, муҳити истеҳсолот, ҳамчунин ба воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва коллективии кормандон изҳор мегарданд, ба назар гирифта мешаванд. Стандарти байналмилалии ГОСТ 12.0.230-2007 тибқи ТБМ-ШМТМ 2001 “Дастурамал оиди системаҳои идоракунии ҳифзи меҳнат” (ILO-OSH «Guidelinesonoccupationalsafetyandhealthmanagementsystems») аз ҷониби Шӯрои Аврупоосиё оиди стандартизатсия, метрология ва сертификатсия аз рӯи мукотиба (протоколи № 28 аз 23 марти соли 2007) таҳия ва қабул гардидааст.

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Созишномаи аз ҷониби роҳбарони давлатҳои ИДМ аз 9 декабри соли 1994 имзо гардида, ГОСТҳо, МҚС, МҚСан, таҳияшуда ва аз ҷониби мақомоти Стандарти давлатии собиқ СССР ва Федератсияи Русия истифодашаванда, истифода мегарданд. Стандартҳои давлатӣ, меъёрҳо ва қоидаҳо дар соҳаҳои алоҳида аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсияии ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда мешаванд. Фаъолияти Агентии мазкур тибқи Муқаррарот, ки Ҳуккумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 тасдиқ намудааст, амалӣ мегардад. Ҳамзамон, дар ҷумҳурӣ як зумра меъёрҳо ва қоидаҳои оид ба ҳифзи меҳнат мавҷуданд, аз ҷумла, меъёрҳо ва қоидаҳо санитарӣ (МҚСан), меъёрҳо ва қоидаҳо сохтмонӣ (МҚС), стандартҳои давлатии низоми бехатари меҳнат (ГОСТ НСБМ) ва меъёрҳои нигаҳдории моддаҳои зарарнок (ПДК, ПДУ) ва ғайра амал менамоянд. Тоҷикистон аз рӯзи оғози узвияти худ дар Ташкилоти байналмилалии меҳнат (соли 1993) як зумра Конвенсияҳои ТБМ ва дигар созишномаву шартномаҳои байналмилалӣ, ки дорои талаботи ҳифзи меҳнат мебошанд ба тасвиб расонидааст.

 

Дар ин давра Тоҷикистон 46 конвенсияи ТБМ-ро ратфикатсия намуд, аз он ҷумла 28 Конвенсияро, ки дорои талаботи ҳифзи меҳнат мебошанд, инҳоянд, Конвенсияи №14 “Дар бораи истироҳати ҳафтаина дар корхонаҳои саноатӣ” аз 25 октябри соли 1925, Конвенсияи №29 “Дар бораи меҳнати иҷборӣ ё ҳатмӣ”аз 28 июни соли 1930, Конвенсияи №32 “Дар бораи ҳифзи ҳаммолон (борбардорон) аз ҳодисаҳои нохуш”, Конвенсияи №45 “Дар бораи истифодаи меҳнати занон дар корҳои зеризаминӣ”, Конвенсияи №47 “Дар бораи кӯтоҳ кардани вақти корӣ то 40 соат дар як ҳафта” аз 4 июни соли 1935 (санаи эътироф – 26 ноябри соли 1993), Конвенсияи №73 “Дар бораи ташхиси тиббии баҳрнавардон”, Конвенсияи №77 “Дар бораи ташхиси тиббии кӯдакон ва наврасон дар корҳои саноатӣ”, Конвенсияи №78 “Дар бораи ташхиси тиббии наврасон дар корҳои ғайрисаноатӣ”, Конвенсияи №79 “Дар бораи маҳдуд намудани корҳои шабона барои кӯдакон ва ҷавонон дар корхонаҳои ғайрисаноатӣ”, Конвенсияи №87 “Дар бораи ҳуқуқ ба озодии ташкили ассотсиатсияҳо”, Конвенсияи №90 “Дар бораи маҳдуд намудани корҳои шабона барои кӯдакон ва ҷавонон дар корхонаҳои саноатӣ”, Конвенсияи №98 “Дар бораи истифодаи принципҳои ҳуқуқ ба  ташкил ва пешбурди музокироти дастаҷамъӣ” аз 8 июни соли 1949, Конвенсияи №106 “Дар бораи истироҳати ҳафтаина”, Конвенсияи №111 “Дар бораи табъиз (маҳдудкунии ҳуқуқ)”, Конвенсияи №113 “Дар бораи муоинаи тиббии моҳигирон”, Конвенсияи №115 “Дар бораи ҳифзи коргарон аз шуъо (радиатсия)”, Конвенсияи №119 “Дар бораи ҷиҳозонидани  мошинҳо бо василаҳои муҳофизатӣ”, Конвенсияи №120 “Дар бораи беҳдоштӣ”, Конвенсияи №124 “Дар бораи муоинаи тиббии ҷавонон барои коршоямӣ ба корҳои зеризаминӣ, Конвенсияи №134 “Дар бораи пешгирии ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ байни баҳрнавардон”, Конвенсияи №148 “Дар бораи ҳифзи меҳнаткашон аз хатарҳои касбӣ, бинобар ифлосшавии ҳаво, ғалоғула ва ларзиш (вибратсия) ба амал меояд”, Конвенсияи № 159 “Дар бораи эҳёгарии шахсони маъюбкардашуда”, Конвенсияӣ № 160 “Дар бораи омори меҳнат”, Конвенсияи №182 “Дар бораи манъ ва чораҳои фаврии оиди решакан намудани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон” аз 1 июни соли 1999, Конвенсияи №81 от 1947 года “Дар бораи нозироти меҳнат”, Конвенсияи №97 (азнавдидабаромада) аз соли 1949 “Дар бораи меҳнакашон-муҳоҷирон”, Конвенсияи № 143 аз соли 1975 “Дар бораи меҳнакашон-муҳоҷирон” (муқаррароти иловагӣ) ва Конвенсияи №155 аз соли 1981 “Дар бораи бехатарӣ ва гигиенаи меҳнат”.

 

Тоҷикистон инчунин Созишномаи байнидавлатии ИДМ-ро «Дар бораи ҳамкорӣ  дар бахши ҳифзи меҳнат» (аз 09 декабри соли 1994) тасдиқ намуд, ки дар он тарафайн, дорои мустақилияти пурра дар масъалаҳои ташаккул ва татбиқи сиёсати миллӣ дар бахши ҳифзи меҳнат: гузаронидани сиёсати ҳамоҳангшуда, бо назардошти меъёрҳои байналмилалии аз ҷониби умум қабулгардида оиди масъалаҳои ҳифзи меҳнат, ба мақсад мувофиқ меҳисобанд, стандартҳо ва низоми стандартҳои бехатарии меҳнатро (НСБМ) эътироф менамоянд.

Созишномаи байнидавлатии ИДМ аз 09 декабри соли 1994 «Дар бораи тартиби таҳқиқи ҳодисаҳои нохуш бо кормандон дар истеҳсолот ҳангоми берун аз давлат будани онҳо” ва ғайра.

 

Татбиқи самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар бахши ҳифзи меҳнат бо амалҳои мувофиқашудаи мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корфармоён, иттиҳодияи корфармоён, инчунин иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои онҳо ва аз ҷониби дигар кормандони мақомоти интихобӣ ваколатдор шудаанд, таъмин карда мешаванд. Мақомоти иҷроияии марказии ҳокимияти давлатӣ, ки таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва танзими меъёрӣ ҳуқуқӣ дар соҳаи меҳнатро  тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №146 амалӣ менамояд, ин Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Вазорати меҳнати Тоҷикистон) мебошад.

 

Мувофиқи моддаи 329 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорат меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ оиди ҳифзи меҳнат дорои ваколатҳои зерин мебошад, аз ҷумла таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат ва бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани онҳо, таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат дар доираи ваколати худ, ҳамоҳангсозии корҳои вазорату идораҳо оид ба ҳифзи меҳнат, ташкил ва сертификатсияи корҳо оид ба ҳифзи меҳнат дар ташкилотҳо, экспертизаи давлатии шароити меҳнат дар ташкилотҳои амалкунанда ва навтаъсисёфта, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, ба роҳ мондани назорати давлатии риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат, дар мувофиқа бо мақомоти давлатии омор таҳия ва қабули шаклҳои ҳисоботи давлатии омории нишондиҳандаҳои шароитҳо ва ҳифзи меҳнат, ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ, таҳияи тартиби тафтиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ, таҳия ва тасдиқи қоидаҳои байнисоҳавӣ ва санадҳои ташкилию методӣ оид ба ҳифзи меҳнат, тасдиқ намудани меъёрҳои намунавии соҳавии ба кормандон ройгон додани воситаҳои муҳофизати инфиродӣ, ҳамоҳангсозӣ ва гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба ҳифзи меҳнат, таҳияи барномаҳои миллӣ ва минтақавӣ оид ба беҳдошти шароити меҳнат ва ҳифзи он ва дигар ваколатҳо оид ба ҳифзи меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Вазорат баҳри ба низом даровардани муносибатҳои меҳнатӣ, рушди шарикии иҷтимоӣ, ҳифз ва бехатарии меҳнат ва иҷроиши таъмини барномаҳои соҳавӣ корҳои муайянро ба сомон расонидаст, аз ҷумла «Дастурамали корбарӣ, ки аз маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи меҳнат ва шарикии иҷтимоӣ» таҳия ва барои истифода паҳн намуд, “Низомномаи намунавии Хадамоти (шуъба, бахши) ҳифзи меҳнат дар ташкилотҳо” , ки бо қарори Ҳайати мушовараи Вазорат аз 28 августи соли 2014, № 17 тасдиқ гардидааст.

 

Бояд қайд кард, ки назорати доимии риоя шудани тамоми талабот, қоидаҳо ва меъёрҳои бехатарии пешбурди корҳо ва ҳифзи меҳнат аз тарафи кормандон ба зиммаи корфармо аст. Аз ҷониби кормандони соҳаи  меҳнат пайваста ба роҳбарони ҳамаи корхонаҳое, ки дар онҳо мониторинг гузаронидашаванд тавсия дода мешавад, ки шуъба ва ё бахши ҳифзи меҳнат таъсис дода воҳидҳои корӣ – муҳандисони техникаи бехатарӣ, мудофиаи шаҳрвандӣ, оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ, бехатарӣ аз сухтор ва ҳамшираи шавқат, ки бевосита ба бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва меҳнати кормандон машғуланд, ба он шомил намуда фаъолиятро дар самти ҳифз ва бехатарии меҳнат тибқи низомнома ва нақшаи кор ба роҳ монанд. Низомномаи намунавии хадамоти (шуъбаи, бахши) ҳифзи меҳнат дар корхонаву ташкилотҳоро, ки бо қарори Ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2014, №17 тасдиқ гардидааст, ба талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонида шавад.

 

Маълум аст, ки инъикоскунандаи вазъи воқеии муҳофизати меҳнат ва шароити меҳнат дар ташкилоту муассисаҳои шакли моликияташон гуногун нишондиҳандаҳои оморӣ дар бораи ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ маҳсуб меёбанд, мутаассифона дар марҳалаи кунунӣ нишондиҳандаҳои мазкур дақиқ ва мушаххас нестанд. Тартиби амалкунандаи тафтиш ва бақайдгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолоти ҷумҳурӣ дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ қабул гардида, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй намебошад.

 

Зарурат ба шуғли пурмаҳсул ва рушди тахассус барои ҷумҳурӣ вазифаи асосӣ дар соҳаи меҳнат ба ҳисоб меравад. МД «Маркази таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълим»-и вазорат омӯзиши фанни “Ҳифзи меҳнат ва экология”-ро ба миқдори 48 соат дохил намудааст ва дар вақти таҳияи нақшаву барномаҳои таълимӣ, ки барои тайёр намудани коргарони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат диққати махсус медиҳад.

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисон оиди ҳифзи меҳнат дар Донишгоҳҳои Аграрӣ ва Политехникӣ тайёр мекунанд. Аммо, бо назардошти афзоиш ва рушди пуравҷи иқтисодиёт, мутахассисоне, ки дар ду Донишгоҳи мазкур тайёр менамоянд, нокифоя мебошанд. Бояд дарҷ намуд, ки маълумот оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилӣ ва байналмилалӣ, барномаҳо, консепсияҳо ва гузаронидани чорабиниҳо вобаста ба соҳаи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар сомонаи вазорат мунтазам ворид карда мешаванд.

 

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шарикон иҷтимоӣ  ва шарикони рушд ҷиҳати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат, стандартҳо ва қоидаҳои бехатарии меҳнат, фаъолияти худро минбаъд тақвият мебахшад ва таҳти назорати доимӣ қарор доранд.

 

 

 

 

Баҳодуров Сафарбек

-муовини сардори раёсат- сардори шуъбаи ҳифзи меҳнат ва шарикии иҷтимоии  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

08.01.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ